Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ
РАЁСАТИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ ВА СТАНДАРТОНӢ
Сохтор
Дар сохтори Раёсат шуъбаҳо ва бахши зерин фаъолият менамоянд:
- шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар саноати вазнин;
- шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар молҳои ниёзи мардум;
- шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ;
- шуъбаи стандартонӣ;
- бахши назорати давлатӣ оид ба риояи регламентҳои техникӣ оид ба стандарти «Ҳалол».
Самти фаъолият
Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоиш ва супоришҳои директори Агентии Тоҷикстандарт, инчунин Низомномаи раёсати мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
Ҳамкориҳо
- Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ;
- Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат;
- Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хизматрасониҳо
Объектҳои стандартонии раёсат инҳоянд;
- маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои он, кор ва хизматрасониҳо дар қисмати бехатарии маҳсулот.
Субъектҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии зеринро дар бар мегирад:
-шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
СТАНДАРТҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУДАНД.
Ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии либосҳои мактабию ҳарбӣ дар Агентӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Либосҳои ҳарбӣ” ва “Либосҳои мактабӣ” таҳия гардид.
Лоиҳаи стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Либосҳои ҳарбӣ” дар ҷаласаи назди муовини Вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дастгирӣ ёфт ва моҳи ноябри соли 2017 бо фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ гардида, аз 1 январи соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи стандарти ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Либосҳои мактабӣ” таҳия гардид ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамчун стандарти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид. Стандарти мазкур аз январи соли 2018 мавриди истифода қарор мегирад.
Талаботи стандартњои нав ба истењсолкунандагон фањмонида мешавад
Љињати баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии либосњои мактабию њарбї такроран маълумот дода мешавад, ки баъд аз тањия ва баррасии стандарти давлатии либосњои њарбї аз љониби Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, тибќи фармоиши Агентии Тољикстандарт №02-ст, аз 22 ноябри соли 2017 Стандартњои давлатии “Либоси њарбї. Камзўлњо. Шартњои техникї” тањти нишонаи СТ ЉТ 1108-2017 ва “Либоси њарбї. Шимњо. Шартњои техникї” тањти нишонаи СТ ЉТ 1109-2017 ва баъд аз муњокима бо Вазорати маориф ва илм Стандарти давлатии “Либоси мактабї. Шартњои техникї” бо нишонаи СТ ЉТ 1110 - 2017 ќабул карда шудаанд. Дар ин замина нусхаи стандартњои мазкур ба корхонањои дар ин самт фаъолиятдошта дастрас гардида, оид ба иљрои он корњои фањмондадињї гузаронида шуда истодаанд ва минбаъд назорати истењсоли либосњои мактабї ва њарбї тибќи ин стандартњо ба роњ монда мешавад.
Чунончи, дар ин давра дар шањри Душанбе бо роњбарият ва масъулини ЉСК «Гулистон», ЉДММ «Ёќут-2000» ва ЉДММ ИИ «Насољии Тољик», Раёсати Комбинати дўзандагии истењсоли амволи њарбии Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, њамзамон дар корхонањои истењсолии шањрњои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон вохўрї гузаронида шуда, минбаъд дар корхонањои дигар минтаќањои љумњурї чунин вохўрињо идома дода мешавад.
Таҳияи рисолаи тавзеҳӣ барои стандарти байналмилалии ЕЭК ООН FFV-25, барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтии баҳорӣ
Дар заминаи кўшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон љињати бартараф намудани монеаҳо дар савдои умумиҷаҳонӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар бо пешниҳоди директори Агентии Тоҷикстандарт бо маќсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба хусус кишоварзон ва субъектҳои хоҷагидор доир ба таҳияи рисолаи тавзеҳӣ барои стандарти байналмилалии ЕЭК ООН FFV-25, барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтии баҳорӣ, тањти роҳбарии муовини директори Агентии Тоҷикистандарт Шерзода Ситора Ҷалол гурўҳи корӣ –техникӣ таъсис дода шуд. Ба гурўҳи корӣ-техникӣ коршиносони соња, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ ва кишоварзон ҷалб гардиданд.
Инчунин, барои таќвият додани фаъолияти гурўҳ, дар вилояту минтаќањои љумњурї низ зергурўҳи корӣ таъсис дода шуд.
Дар ин замина гурўҳҳо дар минтақаҳо бо кишоварзон ва бахшҳои хусусӣ вохўриҳо доир намуда, оид ба ташаббуси гурўҳҳо ҷиҳати таҳияи ин стандартҳо барои роҳ ёфтани содироткунандагони ватанӣ ба бозорҳои Аврупо машваратҳо гузарониданд. Рӯзҳои 12 феврал ва 2 марти соли љорї аъзоёни гурўҳи корӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ вохўриҳо гузаронида ҷиҳати таҳияи Стандарти пиёзи барвақтӣ табодули афкор намуданд.
Тибқи нақшаи кори гурўҳи корӣ-техникӣ бо фармоиши директори Агентї аъзоёни гурўҳ барои гузарондани машварати сайёр ва намунагирии пиёзи баҳорӣ ва ба қайд гирифтани нишондиҳандаҳои зарурӣ дар майдони зироатӣ аз ҷумла, нуқсонҳои табиию техникӣ, намуд, шакл, вазн ва дигар нишондиҳандаҳо ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Дар майдони кишти пиёзи баҳории хоҷагиии деҳќонии «Истиқлолият» хољагидорон Мизоев А, Эмомов Ш. ва Раҳмонов А. аъзоёни гурўњро бо навъҳои пиёзи барвақтӣ (баҳорӣ) шинос намуда, оид ба талаботи истеъмолии бозори содиротӣ маъулумот доданд. Қайд карда шуд, ки хоҷагї се навъи пиёзи баҳориро кишту кор мекунад. Дар рафти суҳбат бо кишоварзон маълум гардид, ки пиёзҳои содиротшаванда мувофиқи талаботи фармоишгар ба навъҳо ва калибр ҷудо карда мешаванд ва баъд ба давлатҳои Қазоқистон, Хитой, Русия, Туркманистон ва ғайра интиќол дода мешаванд.
Ҳамзамон дар вилояти Суғд дар таърихи 3-юми апрел зергурўҳи корӣ бо соҳибкорон ва кишоварзон ҷаласаи корӣ гузаронида, бо субъектҳои хоҷагидор, аз љумла ҶДММ «Олами Тиҷорат», ҶДММ «Тоҷойл» ,ҶДММ «Мева ва сабзавот», соҳибкорон Ҳакимов С. ва Рузибоев З. масъалањои вобаста ба коркард ва содироти пиёзи бањориро баррасї намуданд.
Дар рафти ҷаласаи гурўҳи корӣ директори Маркази идоракунии сифат Қобилов Мирзоравшан доир ба сифат, намуди зоҳирӣ ва калибри пиёзи тару тоза презентатсия (намоиш) пешкаш намуд.
Аз рӯи гуфтаи содироткунандагон калибри пиёзҳои содиршаванда аз рӯи нишондиҳандаҳои дар 1 тонна пиёз -20% бо калибри аз 100 мм хурд, 20% аз 100 мм калон ва 60% бо калибри 100 мм пешнињод мешавад. Мувофиқи талаботи стандарти ЕЭК ООН FFV-25 калибри пиёз аз 10 мм то 20 мм, аз 15 мм то 25 мм, аз 20 мм то 40 мм, аз 40 мм то 70 мм, аз 70 мм ва зиёда аз ин пешбинї шудааст. Аз ин бармеояд, ки ҳаҷми зиёди пиёзи тару тозаи содиротшаванда аз меъёрҳои муќарраршуда калон мебошад. Коршиносон ва мутахассисони Агентӣ ба аъзоёни гурўҳ қоида ва талаботи намунагирӣ ва андозагириро тибќи стандарти байналмилалии пиёзи барвақтӣ (баҳорӣ) шарњ доданд. Дар якҷоягӣ аъзоёни гурӯҳ бо коршиносон ва кишоварзон тарзи борҷомакунӣ ва интиқоли намунаҳоро омӯхта, борҷомаҳоро барои аксбардории пиёзи баҳорї барои чоп намудани плакату брошюраҳо омода намуданд.
Айни замон стандарти мазкур дар рафти омӯзиш ва таҳия қарор дорад. Бо дастгирии техникии ширкатҳои байналмилалї аз ҷумла GIZ, Hieswerk, UNDP ва Маркази идоракунии сифат лоиҳаи плакати пиёзи бањорї омода шуда, баъд аз гирифтани аксҳои воқеии намунаҳои барвақтии пиёзи бањории минтақаҳои шимолу љануби кишвар дар рўзҳои наздик барои таҳлил пешниҳод мегардад.
Санаи 24 апрел роҳбари гурўҳи техникї дар дастгоњи марказї бо аъзоёни гурўҳ ҷамъ омада, барои таҳияи стандарти мазкур фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ содироткунандагон бо маълумотҳо шинос шуда, ба роҳбарият ва ташкилкунандагон изҳори қаноатмандӣ баён намуданд. Дар навбати худ аъзоёни гурӯҳ барои ҳамкорӣ ҳамеша омодагии худро изҳор доштанд.
Тамос
Муовини директор
Рустамзода Малоҳат Рустам
Тел: (+992 37) 233-84-44
Факс: (+992 37) 233-44-99
e-mail: info@standard.tj
Сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ
Ашурзода Суҳроб
Тел: (+992 37) 233-58-88
Факс: (+992 37) 233-44-99
e-mail: suhrobst@inbox.ru