ХАБАРҲО
2025-01-29: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА
Дар Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки маъмурият ва кормандони Раёсат омӯзиши нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
Нахуст, сардори дафтари матбуоти Раёсат баромад карда, иброз дошт, ки мақсади ҷамъомад бештар огаҳӣ ёфтан аз нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ва дар фаъолияти минбаъда амали намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, ҳамчунин, дар корхонаву муассисаҳо ба роҳ мондани тарғибу омӯзиши нуктаҳои асосии он мебошад.
Зикр гардид, ки воқеан Паёми навбати аз паёмҳои пешина бо чанд хусусиятҳои хоси худ фарқкунанда буд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, иқтисоди равқамӣ ва инноватсия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар назди мақомотҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Сипас, таърихнигори шинохта, номзади илмҳои таърих, дотсенти факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯрабек Исоматдинов баромад намуда, таъкид дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат буда, онро метавон ҳамчун барномаи амал ва роҳнамои стратегӣ, инчунин, зиндагии осоиштаву босаодати сокинони мамлакат арзёбӣ намуд.
Дар поёни ҳамоиш зикр гардид, ки амалигардии иқдомҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, аз ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти баландро талаб менамояд ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳар як корманди Раёсат содиқона меҳнат намуда, барои пешрафту шукуфоии кишвар саҳми худро мегузоранд.
Маҳкамбой КАРИМОВ,
сардори дафтари матбуоти
Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд