ХАБАРҲО

2025-01-29: 3 - СОЛАГӢ МУБОРАК, РӮЗНОМАИ «СТАНДАРТ» !!!

3 - СОЛАГӢ МУБОРАК, РӮЗНОМАИ «СТАНДАРТ» !!!

«Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташакулли афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз, яке аз рӯзномаҳои фаъоли соҳавии кишвар рӯзномаи «СТАНДАРТ», ки дар инъикоси масъалаҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, хусусан дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия, ҳифзи бозори истеъмолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва мавзӯъҳои дигар нақши бориз дорад, 3 сола мешавад.

Ба ин муносибат аҳли эҷоди нашрия ва кормандони Агентии Тоҷикстандартро табрику муборакбод менамоем!

Дар идомаи фаъолият ба ҳайати эҷодии рӯзнома комгориҳои беназир таманно намуда, орзумандем, ки бо заҳмати ҳамарӯзаашон чун таҷассумгари дастовардҳои соҳа минбаъд низ дар пешрафти фаъолияти Агентӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт