ХАБАРҲО
2025-01-29: ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Дар партави Паём
ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Мусаллам аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот дода, ҳамзамон, ҳадафу вазифаҳои созандаю бунёдкоронаро барои ояндаи дурахшони мардуми азизи Тоҷикистон муайяну мушаххас ва пешниҳод менамоянд.
Имрӯз дар робита бо омӯзиши баъзе нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Агентии Тоҷикистандарт бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи васеъ доир карда шуд.