ХАБАРҲО

2024-08-26: Семинари омӯзиши оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалӣ

Семинари омӯзиши оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалӣ дар Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд

Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 август дар Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат Азалшоҳ Воҳидзода ва масъулини Агентии Тоҷикстандарт, дар мавзӯи “Мафҳум ва моҳияти стандартҳои байналмилалии ISO 9001, 14001, 22000, 45001 ва ХАССП дар идоракунии корхонаҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ” ва “Нақши стандартҳои зикршуда ҳангоми содироти молу маҳсулот” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсат Ғайбулло Муҳиддинов меҳмонон ва иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии соҳибкорон ва тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ равона карда шудааст.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи қарору барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои ватанӣ мувофиқ ба талаботи замон дар фаъолияти худ стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намуданд, ки он ба пешравии истеҳсолот ва рақобатпазир гаштани маҳсулоти ватанӣ, мусоидат намуд.

Сардори Раёсат аз номи директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, иҷрои саривақтии қарору барномаҳои давлатӣ ба роҳбарон ва намояндагони субъектҳои хоҷагидор изҳори сипосу ташаккур намуда, ба фаъолияти ояндаашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Сипас сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифати Агентии Тоҷикстандарт Азалшоҳ Воҳидзода аз номи директори Агентӣ ба ҳамаи иштирокчиёни семинар изҳори сипос намуда, ёдовар шуд, ки барои фаъолияти назаррас ҷиҳати ба роҳ мондани талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва саҳм гузоштан дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти босифату рақобатпазир бо фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2024 таҳти рақами 85ф/а бо дарназардошти дастгирӣ ва қадрдонии соҳибкорони ватанӣ ҳамаи ширкатҳои истеҳсолии ватание, ки дорои сертификати байналмилалӣ мебошанд, бо Сипосномаи директори Агентии Тоҷикстандарт сарфароз гардонида шуданд.

Сипас сардори Раёсати Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов ва сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифати Агентии Тоҷикстандарт Азалшоҳ Воҳидзода ба намояндагон ва роҳбарони ширкатҳо сипосномаҳои директори Агентиро супорида, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.

Дар идомаи семинари омӯзишӣ коршиносони Агентӣ Ш. Қиматов ва Шерзоди Шерзодӣ оид ба моҳият ва аҳамияти стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO андешарони намуданд.

Дар поёни чорабинӣ байни иштирокчиёни семинари омӯзишӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён изҳор доштанд, ки дар оянда низ баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ барои пешрафти истеҳсолот, рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сифат ва бехатарии он мусоидат хоҳад кард.

Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуоти

Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд