ХАБАРҲО

2024-04-26: ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶДММ «Арҷ» - ғолиби Озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶДММ «Арҷ» - ғолиби Озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

29 марти соли 2024 мутахассиси Агентӣ дар ҷаласаи навбатии  коршиносони Озмуни дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил «Дастовардњо дар соҳаи  сифат ва хизматрасонї», ки бо ташаббуси Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС) дар ду сол як маротиба баргузор мегардад, ширкат варзида, лоиҳаи модели нави баргузории озмунро баррасӣ намуданд. 

Бояд қайд кард, ки соли 2023 ду корхонањои истењсолї-ҶДММ «Ноқили Талко» (истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамға) ва ҶДММ «Арҷ» (истеҳсоли борҷома ва халтаҳои гуногунҳаҷми полиэтиленӣ) барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил – «Дастовардњо дар соҳаи сифат ва хизматрасонї» омода ва ҷалб карда шуданд.

Санаи 29 марти соли 2024 дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Москави Федератсияи Россия баргузор гардид, бо қарори ҳакамон корхонаҳои мазкур сазовори ҷоизаҳои балантарин озмун гаштанд ва супоридани ҷоизаҳо дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС) моҳи июни соли 2024 пешбинӣ гардидааст.