ХАБАРҲО

2024-03-11: Меҳрнамо истиқбол ва арҷгузории ба Рӯзи Модар

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар имрӯз дар шаҳри Роғун ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, раиси шаҳр ва кормандону фаъолони ҷамоату деҳоти шаҳри Роғун иштирок намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ, қабл аз ҳама аз мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи кунунӣ сухан оғоз гардида, нақши онҳо дар рушди тараққиёти мамлакат арзанда маънидод карда шуд. Дар раванди суханрониҳо, аз ҷумла, таъкид гардид, ки мақому манзалати зан дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо торафт баланд мегардад ва духтарону бонувон ба илму ҳунар бештар таваҷҷуҳ мекунанд то зиндагии арзанадаро соҳиб гарданд. Хушбахтии Зан –Модари тоҷик аст, ки дар тамоми сохтори ҷомеа кору фаъолият дорад ва дар сатҳи баланди роҳбарикунанда низ теъдодашон афзун мегардад. Ҳамаи ин далел аз он аст, ки занон таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва аз он ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, бархурдоранд.

Баъд аз суханрониҳо як қатор занону бонувони шаҳри Роғун барои хизматҳои арзандаашон дар рушду тараққиёти ҷомеа бо Ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш чорабинии фарҳангие, ки пешниҳоди модарону бонувон гардид, хотирмону мақбул буд.