ХАБАРҲО
2024-03-11: Нақши стандартҳои байналмилалии ISO дар таъмини бехатарии меҳнат
НАҚШИ СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ISO ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МЕҲНАТ
Имрӯз дар бинои дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт бо роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши стандартҳои байналмилалии ISO дар таъмини бехатарии меҳнат» гузаронида шуд.
Ҳадаф аз семинари мазкур баланд бардоштани маърифатнокии ҳифзи меҳнат дар коргоҳу корхонаҳо ва амсоли инҳо буд. Дар баробари ин, метавон гуфт, ки мақсади дигари он дар самти амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани системаи менеҷменти ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии меҳнат, ки талаботи замони муосир аст, мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки семинари мазкурро муовини аввали директори Агентии Тоҷикстандарт Мирзоён Раҳмоншо ифтитоҳ карда, ҷиҳати татбиқи стандарти ISO 45001-2020 (Системаи менеҷменти ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии меҳнат) дар фаъолияти касбӣ сухаронӣ намуданд.
Дар идомаи семинар мутахассисони шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат оид ба «Ҷорӣ намудани стандари байналмилалии ISO 45001-2020» баромад ва суханронӣ намуданд.
Барои баланд бардоштани сифати шароити меҳнат, пешгирии ҷароҳатҳои истеҳсолӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳо дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва бехатарии меҳнат, системаи менеҷменти ҲС ва ТБМ стандарти ISO 45001 таҳия шудааст.
Стандарти ISO 45001 аз ҷониби коршиносони 69 кишвар дар ҳамкорӣ бо намояндагони ташкилотҳои пешрафта, ба монанди Созмони байналмилалии меҳнат (ILO), Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба (ITUC) ва Созмони байналмилалии соҳибкорон (IOE) таҳия шудааст. Ҳадаф ва натиҷаи пешбинишудаи системаи менеҷменти ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии меҳнат пешгирии ҷароҳатҳои марбут ба кор ва бад шудани вазъи саломатии кормандон, инчунин, таъмини онҳо бо ҷойҳои кории бехатар ва солим мебошад. Аз ин рӯ, барои бартараф кардани хатарҳои марбут ба саломатӣ ва бехатарии меҳнат чораҳои муассири огоҳкунанда ва муҳофизатӣ муҳим аст.
Қабули стандарти ISO 45001 ба ташкилот имкон медиҳад, ки ба корманд ҷои кори бехатар ва солимро фароҳам оварад, ҷароҳатҳои марбут ба меҳнат, саломатӣ ва бемориҳоро пешгирӣ кунад ва фаъолияти ҲС ва ТБМ-ро пайваста такмил диҳад.
Татбиқи стандарти ISO 45001-2020 дар баланд бардоштани бехатарӣ дар ҷои кор ҳатмӣ ва зарурист.
Дар охир иштирокчиён ҷиҳати масъалаҳои матраҳгардида саволҳо пешниҳод карданд, ки аз ҷониби мутахассисон ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.