ХАБАРҲО
2023-12-17: Боздиди кормандони Маркази Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара аз раванди истеҳсоли ҶДММ «СЕХИ КАРТОНБАРОРИИ ИСФАРА» -и шаҳри Исфара
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сехи картонбарории Исфара» дар соли 2014 ба фаъолият оғоз намуда, асоси фаъолияташро истеҳсоли қуттиҳои картонӣ барои маҳсулоти хоҷагии халқ ташкил медиҳад. Корхона фаъолияташро бо дарназардошти ҳамаи талабот оид ба истеҳсол ва сифати маҳсулот оғоз намудааст. Дар корхона таҷҳизоти технологии нави замонавии истеҳсоли давлатҳои Россия ва Хитой васл карда шуданд. Тибқи иттиллои роҳбарияти корхона алҳол дар он 16 нафар коргар ба кори доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифта шудаанд.
Кормандони корхона мунтазам барои баланд бардоштани савияи касбӣ ба кишварҳои мутарақии олам аз қабили Хитой ва Россия барои бозомузӣ равона карда мешаванд.
Аз оғози фаъолияташ дар корхона 4 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Дар корхона дар давоми соли 2023-ум бошад 300000 қуттиҳои картонии ҳаҷму намудҳои гуногун истеҳсол карда шудааст. Маҳсулотҳои корхона ҷавобгӯи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мебошад.
Маҳсулоти корхона асосан ба корхонаҳои коркард ва бандубасти маҳсулоти хоҷагии қишлоқи минтақа пешбини гардидааст.