ХАБАРҲО

2023-12-17: Сардори Маркази Тоҷикстандарт дар минтақаи Ваҳдат Пулод Мирализода аз раванди фаъолияти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Меҳан обрасон» дидан карданд

Сардори Маркази Тоҷикстандарт дар минтақаи Ваҳдат Пулод Мирализода аз раванди фаъолияти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Меҳан обрасон» дидан карданд

ҶДММ «Меҳан обрасон» яке аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Ваҳдат буда, ба истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ машғул мебошад. Корхона бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.

Корхонаи мазкур бо талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҷавобгӯ буда, бо сертификати мутобиқат таъмин карда шудааст.

Айни ҳол дар корхона 8 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки фаъолияти худро васеъ карда ҳаҷми маҳсулоти худро афзоиш диҳад, ҳамчунин, шумораи кормандонро низ зиёд намояд.