ХАБАРҲО

2023-12-17: Вохӯриҳои судманд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 20 июни соли 2023 дар масъалаи содироти асали табии баён намуданд, тибқи фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарт санаи 22-23 ноябри соли ҷорӣ кормандони Агентӣ дар ҳайати Рустамзода М.-муовини директори Агентӣ, Ашурзода Суҳроб сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ ва Воҳидзода Азалшоҳ сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати менеҷменти сифат ба шаҳри Кӯлоб сафарбар гардиданд.

Ҳайати корӣ, нахуст, бо кормандон ва мутахассисони Раёсати Тоҷикстандарт дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир намуда, оид ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва раванди фаъолияти корӣ, ҷаласаи васеи корӣ баргузор карда шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки санаи 22 ноябри соли ҷорӣ мизи мудаввар дар бинои РСМС ва НС шаҳри Кӯлоб бо иштироки асалпараварон аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ш.Шоҳин ва дигар минтақаҳо баргузор гардида, дар кори он оид ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии дар самти сифат ва бехатарии асали табии ба иштирокчиён маълумот дода шуд. Ҳамзамон, ба иштирокчиён нусхаи стандарти байнидавлатии ГОСТ 19792-2017 “Асали табии”, ки нисбат ба сифати асали табии меъёрҳо муқаррар гардидааст, дастрас гардид. Мизи мудаввар бо баргузории саволу ҷавоб дар робита ба масъалаҳои ҷойдошта, дар фаъолияти асалпарварони минтақа ва пешниҳодҳо ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо ба онҳо ҷамъбаст гардид.

Ҳамзамон, қисмати дуюми ҳамин рӯз бо масъулини корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии намаки ошӣ низ вохӯрӣ гузаронида шуда оид ба талаботи ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии дар самти сифат ва бехатарии намаки ошӣ ба иштирокчиён маълумот дода шуд. Дар раванди баргузории мизи мудаввар доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» низ ба иштирокчиён маълумот пешкаш гардид. Ҳамчунин, маводҳои зарурии дар ин самт таҳияшуда аз қабили «Роҳнамо оид ба назорати берунии намаки ғанигардонидашуда» ва «Роҳнамо оид назорати берунаи намаки йодноккардашуда» ба масъулин дастрас карда шуд.

Дар аснои сафари хизматӣ аз бозори марказии шаҳри Кӯлоб якҷо бо намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинг амалӣ гашта, дар нуқтаҳои фурӯши хӯришҳо ва озмоишогоҳи ташхисии маҳсулоти хӯроквории бозор низ бо масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.