ХАБАРҲО
2023-12-17: Дастгирии соҳибкорӣ
Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар мамлакат ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба соҳибкорон ва барои рушди соҳибкорӣ фазои муносиб фароҳам оварда мешавад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар аз наздик шинос шуда, аз раванди фаъолияти онҳо дидан намоянд. Ин навбат кормандони Маркази Тоҷикстандарт дар шаҳри Турсунзода тасмим гирифтанд, ки аз раванди фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сардор-2008” дидан карда, ба онҳо тавсияҳои амалӣ диҳанд.















