ХАБАРҲО

2023-12-17: Баррасии масъалаҳо оид ба рушди савдои давлатҳои аъзои Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ECO - RISCAM)

21 ноябр ҷаласаи 9 - уми гурӯҳи корӣ оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология дар доираи Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ - Институти минтақавӣ оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология (ECO - RISCAM) баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки мақсади асосии Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ - Институти минтақавӣ оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва рушди савдо барои давлатҳои аъзо ECO - RISCAM мебошад. Қайд кардан зарур аст, дар кори ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, дар маҷмӯъ, зиёда аз 30 нафар иширок доштанд.

Аъзои Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ECO - RISCAM Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии Тоҷикстандарт дар ҳайати 6 нафар иштирок намуданд. Дар кори Ҷаласа муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт, директори Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия” ва сардорони раёсатҳо иштирок дошанд.

Барои пешбурди кор сараввал Раиси ECO - RISCAM (Институти минтақавӣ оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология) интихоб карда шуд. Дар рафти кор, инчунин, рӯзномаи ҷаласа қабул карда шуд. Тибқи рӯзнома масъалаҳои ҷаласа бо навбат баррасӣ гардиданд. Дар оғоз ҳисоботи котиботи марказии Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ECO - RISCAM (Институти минтақавӣ оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология) шунида шуд.

Баъдан бо навбат аъзоёни давлатҳои аъзо баромад намуда, дар бораи корҳои анҷомдодашуда оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология мухтасар маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт муовини якуми директор Мирзоён Раҳмоншо дар раванди суханронӣ, ҷиҳати корҳои анҷомдодашуда дар давраи ҳисоботӣ дар самти коҳиш додани монеаҳо дар савдо ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, тибқи рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи ҳуҷҷатҳои Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ECO - RISCAM - Институти минтақавӣ оид ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия ва метрология аз он ҷумла сохтор, харитаи роҳ, қоидаҳои тартиб ва Низомномаи молиявӣ баррасӣ гардиданд.