ХАБАРҲО
2023-12-17: Ҳамкориҳои Агентии Тоҷикстандарт бо корхонаҳои истеҳсоӣ густариш меёбад
Ин навбат деректори Агентӣ бо мутахассисон тасмим гирифтанд, ки аз ҷараёни коркард ва истеҳсолоти бузургтарин корхонаи дӯзандагии шаҳри Душанбе, яъне Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” дидан намуда аз наздик ошно шаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки 31-уми октябр, пас аз навсозии пурра Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” (собиқ корхонаи либосдӯзии “Гулистон”) ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи корхона, ки бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, таъкид шуд, ки дар корхона технологияи муосир аз Ҷопон, Амрико, Италия, Чин, Англия, Русия ва Туркия ворид ва насб карда шудааст.
Баъд аз азнавсозӣ фаъолияти 3 хатти нави технологии ҳозиразамон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” ба роҳ монда шуд, ки дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои зиёдшавии теъдоди иншооти саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ба ҷойи кор фаро гирифтани аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Баъд аз навсозӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” бори аввал истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷаи навсозии пурраи қитъаҳои омодакунӣ, поракунӣ, таҷрибавӣ, дӯзандагӣ, ворид намудани таҷҳизоти муосири техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон шароити мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими фаъолияти корхона фароҳам оварда шуд. Бо васеъ гардидани имконияти корхона ҷиҳати содироти молу маҳсулот бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста мешавад.
Бо истифода аз иқтидори техникӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол намояд. Дар сурати зиёд шудани фармоиш, корхона имкон дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро аз ин ҳам зиёд кунад.
Баъд аз навсозӣ дар корхона 230 ҷойи кории иловагӣ таъсис дода шуда, дар маҷмуъ ба 470 ҷойи корӣ расонида шуд. Дар сурати дар се баст ба роҳ мондани фаъолияти корхона то 1200 ҷойи корӣ муҳайё карда мешавад. Ин ҷиҳати амалишавии фарогирии шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба ҷойи кор мусоидат мекунад. Барои кормандон нақлиёти хизматӣ пешбинӣ карда шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири босифат ҷалб намуданд.
Дар корхона таҷҳизоти лазерӣ барои ҳаккокӣ дар матоъ, сканер барои ба таври худкор гирифтани андозаи либос, хатти технологӣ иборат аз 145 таҷҳизоти махсус барои дӯхт, дарзмолкунӣ, банду баст ва хушкашӯии кимиёвии либос ворид ва насб карда шудааст. Ин имкон фароҳам овард, ки ҳар як амалиёти дӯхти либос бо истифода аз таҷҳизоти алоҳидаи худкор ба роҳ монда шавад, ки дар Тоҷикистон бори аввал аст.
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” аз матоъ бо андозаҳои гуногун тавассути технологияи муосир мувофиқ ба дархости мизоҷон либосҳои шинаму зебо барои мардон ва занон истеҳсол карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои шаҳрдориро дар самти бунёду барқароркунии иншооти истеҳсолӣ намуна арзёбӣ карда, коргарону мутахассисонро ҷиҳати омӯзиши пурраи кор тавассути технологияи муосир, афзалият додан ба талаботи бозор, истифодаи пурра аз имконияти васеи технологӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифат вазифадор намуданд.
Имрӯз Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти муосири ёрирасон иборат буда, аз коргоҳи тарроҳӣ, коргоҳи омодасозӣ ва поракунӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи шустушӯӣ ва рангубор, коргоҳи такмилдиҳии намнокӣ ва банду баст, коргоҳ барои дӯхти либос аз рӯйи супоришҳои махсус, нуқтаи хизматрасонии хушкашӯӣ, буғхона, мағоза ва ошхонаи васеу барҳаво барои 400 ҷойи нишаст иборат мебошад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намунаҳои маҳсулоте, ки дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” истеҳсол мешаванд, шинос шуданд.
Дар 9 моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 87 корхонаи дӯзандагӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст, ки аз ин 21 корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли либоси мактабӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 26,9 фоиз зиёд шудааст, ки аз ҳама нишондоди баланди рушд дар ҷумҳурӣ мебошад.
Иҷрои супоришҳои Сарвари давлат нисбат ба дастгирии фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон фароҳам овард, ки соҳибкорӣ дар пойтахти мамлакат рушд кунад ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот таъмин карда шавад.
Манбаъ:
president.tj
















