ХАБАРҲО
2023-11-08: Фиристода бояд, ки доно бувад
Дар шаҳри Макка Ал-Мукаррамаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ cанаи 30 - 31 октябри соли равон ҷаласаи 18-уми асамблеяи генералӣ ва ҷаласаи 26-уми Шӯрои роҳбарони Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломӣ SMIIC баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии Тоҷикстандарт, ки узви он аст, Ашурзода Суҳроб сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, Ашуров Мурод сардори шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеа ва Каримов Фирдавс сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ширкат карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Иштирокдорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт, пешрафту дастовардҳо, таҷрибаи мукаммали мутахассисони соҳа ва робитаҳои ҳамкории минбаъда фикру ақидаҳои худро баён доштанд. Намояндагони Агентӣ барои мубодилаи таљриба ва баланд бардоштани таҷрибаи пешқадам дар самти сифату бехатарии молу маҳсулот, омилҳои манфиатбахшу фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои воридоту содирот ва боз ҳам қавӣ гардонидани робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои узви SMIIC омодагии худро изҳор карданд.
Бояд гуфт, ки SMIIC (ПСМКИ) - Пажӯҳишгоҳи стандартҳо ва метрология, ҳамчун як ниҳод механизмҳои заруриро барои кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) таҳия мекунад. Ҳадафи ташкилот таҳияи стандартҳои нав дар кишварҳои узв, аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар тиҷорат ва бо ин роҳ афзоиш додани гардиши мол миёни онҳо мебошад.
Ҳамзамон, SMIIC барои ноил шудан ба ченак ва андозагирии ягона ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи стандартизатсия байни давлатҳои узв гузаронидани семинар ва омӯзишҳо, расонидани кӯмаки техникиро ба аъзои СҲИ дар соҳаи стандартизатсия ва метрология ба роҳ мемонад. Ҳамин тариқ, пажуҳишгоҳ метавонад бо дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки ба стандартизатсия, метрология ё соҳаҳои алоқаманд қисман ё пурра вобастагӣ доранд, ҳамкорӣ кунад.
Бешак ҳамкорӣ бо узви ин ташкилот қадамҳои устувор дар рушди инфрасохтори сифат тавассути ташкили ягонагӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаҳои стандартизатсия, метрология ва аккредитатсия, аз ҷумла баҳодиҳии мутобиқат ва беҳбуди сифат, барои мусоидат ба тиҷорат ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ, некӯаҳволии истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва пешбурди инноватсия барои кишварҳои аъзо шуда метавонад.