ХАБАРҲО
2023-06-19: Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон тақвият меёбад.
Бо ташаббуси роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳию омӯзишӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои савдо, дар бозори «Меҳргон» бо ҳузури як зумра соҳибкорон семинар-машварат доир карда шуд. Дар кори он муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат, сардори Нозироти савдо Парвиз Муҳибов, муовини сардори Нозироти савдо Шерализода Суҳроб, сармутахассиси нозирот Нуруллоев Сироҷиддин, роҳбарияти бозор ва як қатор соҳибкорону фурӯшандагон иштирок намуданд.
Ҳадафи доир кардани чунин вохӯриҳо ин риояи дурусти қоидаҳои савдо, қабул ва интиқоли молу маҳсулот ва фурӯши он аз ҷониби соҳибкорону фурӯшандагон мебошад. Зеро дар бисёр маврид дар ҳолати интиқол ва нодуруст ҷо ба ҷо кардан - маҳсулот сифат ва бехатарии худро гум мекунад.
Тавре маълум аст, бештари ҳолат, сабаби вайрон гардидани молу маҳсулоти ғизоӣ аз риоя накардани ҳолати нигоҳдории он вобастагии калон дорад. Дуруст нигоҳ доштани молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан дар фасли гармо омили бехатарӣ ва саривақтӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фурӯшанда ва ё соҳибкорро мебояд ба риоя ва нигоҳдории дурусти он аҳамият диҳад. Инчунин, молу маҳсулотеро, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштааст аз муомилот гиранд, зеро барои манфиати хеш шуда саломатии мардум ва насли ояндаи миллатро зери хатар набаранд.
Дар идомаи ҳамоиш аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки молу маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузаштаро ба савдо нагузоранд, ҳамчунин, қоидаҳои нигоҳ доштани молу маҳсулотро риоя намоянд, дар баробари ин ҳангоми қабули маҳсулот сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунанд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва риояи қоидаҳои савдо дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои кишвар Агентии Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагони молу маҳсулот тақвият бахшад.














