ХАБАРҲО

2023-06-14: Тақвияти фаъолияти корӣ

Бо мақсади таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маркази ташхисии минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара машварати кориро тақвият дода, бо соҳибкорон ва фурӯшандагону истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки Маркази ташхисии минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати молу маҳсулот ва таъмини бехатарии он дар бозор, тадбирҳо меандешад.

Дар баробари ин, мутахассисони Марказ пайваста аз истеъмолкунандагон даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолии худ бетараф набошанд. Дар ҳолати ошкор намудани молу маҳсулоти бесифат ва ё муҳлати истеъмолиашонгузашта ба мақомотҳои дахлдор хусусан Агентии Тоҷикстандарт ва марказҳои зертобеи он муроҷиат намоянд.

Беғамов Неъматулло,

сардори МТМ дар шаҳри Исфара