ХАБАРҲО

2023-06-05: Таҷлили рӯзи кормандон дар Агентии Тоҷикстандарт

Санаи 25 майи соли равон дар Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи васеъ дар робита ба таҷлили Рӯзи кормандони Тоҷикстандарт баргузор гардид.

Дар ҷаласаи тантанавӣ, нахуст, директори Агентии Тоҷикстандарт баромад кард. Ӯ зимни суханронии худ иброз дошт, ки меҳнат дар ҳама давру замон яке аз шартҳои мавҷудият, бақои инсон ва ҷамъият ба ҳисоб меравад ва имрӯз ҳам пешрафти ҷомеа, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагӣ маҳз ба ҳамин омил вобаста мебошад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум буда, дар назди мо вазифаҳое вогузор мешаванд, ки таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ватанамон аз иҷрои пайгиронаи онҳо вобастагӣ дорад.

Лозим ба ёдоварист, Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи стандартонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Имрӯз мақомоти миллии стандартонии мамлакат аъзои Шӯрои байдавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатҳои аъзои ИДМ, аъзо-корреспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо ISO ва дигар ташкилотҳо мебошад, ки бе мамоният аз стандартҳои байдавлатӣ ва байналмилалӣ истифода мебарад. Ҳамзамон, Тоҷикстандарт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти пешбаранда ва нигоҳдорандаи фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мебошад.

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар баробари дигар мақомот Агентии Тоҷикстандарт низ масъулияти калонро ба зимма дорад. Фаъолияти самарабахши ҳаррӯза ва талошу заҳмати ҳар корманд ба хотири ободонии Ватан ва ҳифзи манфиатҳои мардум нигаронида шудааст. Ин амал талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият карда, дар татбиқи вазифаву мақсадҳое, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда ва назаррас дошта бошем.

Дар охири ҷаласа баъзе аз кормандон барои саҳми назаррас гузоштан дар пешбурди соҳа, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.