ХАБАРҲО

2022-11-26: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

Имрӯз, дар Агентии Тоҷикстандарт вобаста ба гиромидошт ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ сараввал муовини директори Агентӣ Сафарзода Мансур баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар дунё ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро аз рӯи парчами он мешиносанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ мебошад. Дар ин замина, ҳар сол 24 ноябр рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун ҷашни умумимилӣ бо тантана таҷлил мегардад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги қадимӣ, созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ватандории мо тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Дар идома дигар иштирокдорон бо баромаду маърӯзаҳои худ ба ҳамоиши тантанавӣ ҳусну қабоҳи нав бахшиданд.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ваҳдати миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.