ХАБАРҲО
2022-11-07: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон оид ба моҳият ва арзиши волои Конститутсия ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ изҳори ақида намуд. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар, аз ҷумла, кормандони Агентии Тоҷикстандарт имрӯз вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунанда, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакат ва масъулияти онҳоро барои ояндаи шукуфои Ватани азизамон - Тоҷикистон баланд бардорем.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳоло аз ҳар яки мо тақозо мешавад ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.
«Шукрона мекунем, ки имрӯз Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рӯз ба рӯз зебову шукуфо мегардад ва мардум дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ доранд. Набояд фаромӯш сохт, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои амалкунанда мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳар як нафар дар ҷомеа бояд саъю талош намояд, бо рафтору гуфтору пиндори некаш намунаи ибрати дигарон бошад» - зикр гардид, дар фарҷоми суханронии директори Агентӣ.
Илова бар ин, дар идомаи ҷамъомад кормандони Тоҷикстандарт низ cуханронӣ намуда, роҷеъ ба гиромидошти ин санади сарнавиштсоз андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар охир, бо дарназардошти фаъолияти босамар дар пешбурди соҳа, як қатор кормандон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.















