ХАБАРҲО
2022-10-21: МАШВАРАТ ВОБАСТА БА АҲАМИЯТИ БЕХАТАРИИ КОНСЕРВАҲО
Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти консервагӣ семинар-машварат баргузор гардид. Дар он муовини директории Агентӣ Шерзода Ситора, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашӯрзода Суҳроб, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар МАС Ятимов Сиёвуш, намояндагони марказҳои зертобеи Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин, намояндагони корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздик ба он иштирок намуданд.
Дар семинар вобаста ба бехатарӣ, тарзи дурустӣ ҷо ба ҷо кардан ва муҳлати нигоҳдории консерваҳо сухан карда шуд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, консерваҳоро дар банкаҳои бесарпӯш нигоҳ доштан мумкин нест. Зеро ба он ҳаво даромада маҳсулот турш мегардад, витаминҳо нобуд мешаванд. Дар натиҷа нафақат таъми консерва дигар мешавад, балки одам низ заҳролуд меёбад. Дар банкаҳои шишагин чунин тағйирот суст мегузарад, аз ин рӯ консерваҳо истифода нашударо ба банкаҳои шишагӣ ё зарфи сирдор андохта, дар ҷои хунук (масалан, яхдон) то 1 – 2 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст. Банкаҳои кушода ё қуттиҳои маҳсулоти хушки шириро дар ҷои хушку торик ва ҳатман дар зарфи пӯшида нигоҳ медоранд, вагарна баъди 3 – 5 рӯз таъми он вайрон мешавад.
Нигоҳ доштани дурусти консерваҳо ҳатмӣ мебошад. Дар баробари ин бояд дар борҷомаи он санаи истеҳсол ва истифодаи он дарҷ карда шавад. Вобаста ба ин, дар банкаҳои шишагин санаи истењсоли консераваҳо дар паси тамғақоғаз ишора мешавад. Дар таги банкаҳои филизи индекс – ҳарфҳои «К» (консерваҳои мевагию сабзавотӣ ва консерваҳои сабзавотӣ), «Р» (консерваҳои моҳигӣ), «М» (консерваҳои гӯштию ширӣ) сабт мегардад. Дар сарпӯш ё таги банка (дар сатри дуюм) як қатор рақамҳо ва дар мобайн ҳарфе сабт ёфтаанд. Кушодани рамзро аз ҳарф сар мекунанд, ки он моҳи истеҳсоли консерваҳоро ифода менамояд (масалан, «А» – январ, «Б» – феврал ва ҳамин тавр аз рӯи алифбо ба истиснои ҳарфи «З» – идома меёбад). Рақамҳое, ки дар тарафи рости ҳарф ҷой гирифтаанд, рақами ассортиментии ин ё он намуди консерваҳо ду рақами тарафи чапи ҳарф рӯзи тайёр кардани консерва ва рақами пеш аз сана – рақами сменаро мефаҳмонад (агар корхона дар як смена кор кунад, рақами пеш аз сана гузошта намешавад).
Дар идомаи семинар-машварат мутахассисон баромад намуданд. Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида истеҳсолкунандагон бо саволҳо муроҷиат карданд, ки аз ҷониби мутахассисони Агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
















