ХАБАРҲО

2022-10-19: БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲАМА ГУНА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Ҷаҳони имрӯза беш аз ҳарвақта ҳассосу равандҳои дар он гузаранда мушкилу пурпечутоб шуда истодаанд. Дар ин масир паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта, кишварҳоро новобаста аз сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фаро гирифта истодааст, ки раванди ташвишовари мазкур таъсири манфии худро ба оилаҳо ва тарбияи созгори фарзандон расонида истодааст. Мутаассифона, терроризм имрӯз дар ҷаҳон чеҳраи занона низ касб намудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ, имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора, сардорони шуъбаю раёсатҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

Нахуст, муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора баромад намуд. Ӯ ҳамзамон қайд кард, ки дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоқикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм» фасли алоҳида оид ба ҷанбаҳои гендерӣ мавҷуд аст, ки аз таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи пешгирии ҷалби занон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади татбиқи қонунгузорӣ дар ин самт ва иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегияи мазкур ҷиҳати гузаронидани ташхиси гендерии қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор Шӯрои экспертӣ таъсис дода шуда, дар баробари ин, “Тартиби гузаронидани ташхиси гендерии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи хулосаи дахлдор” таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи самараноки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон чораҳои иловагӣ андешида мешавад.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад қайд гардид, ки чорабиниҳои маърифатӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар Агентӣ ва марказҳои зертобеъ, инчунин, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар иртибот ба ин зарур аст, ки ҳамоҳангии фаъолиятамонро ҷиҳати пешгирии ҷалби занону ҷавонон ба терроризм, ҳифзи оила ҳамчун асоси ҷомеа, барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.

Дар идома қайд гардид, ки Сарвари давлат ба занону бонувон он қадар боварӣ ва эътимод доранд, ки дар ҳалли чунин масъалаи муҳими сиёсию глобалӣ ба қувваю нерӯ ва заковати фитрии онҳо такя менамоянд. Занон ҳамеша хостгори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳонанд, зеро агар хоре бар пои фарзандон халад, аз ҳама зиёд онҳо дар ташвиш мешаванд. Аз ин рӯ, занону модаронро мебояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак ва дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.