ХАБАРҲО

2022-10-18: МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

12-уми октябри соли равон дар Агентии Тоҷикстандарт бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонӣ ва соҳибкорони ба сохтмон сарикор дошта дар мавзӯи «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» семинар машварат доир карда шуд. Ҳадафи гузаронидани семинарии мазкур ин баланд бардоштани сифати масолеҳи сохтмонӣ, ки имрӯз дар сохтмони иншооту биноҳо васеъ истифода мегардад, мебошад.

Дар семинар, нахуст муовини директории Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора Ҷалол баромад кард. Ӯ ҳамзамон иброз намуд, ки татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зиёд намудани маҳсулоти рақобатпазиру босифати ватанӣ ва дар ин замина саҳм гузоштани соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллӣ муҳим мебошад. Вобаста ба ин, Ҳукумати кишвар пайваста талош дорад, ки бахши хусусиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат намояд ва фаъолияти соҳибкорӣ низ дар кишвар сол аз сол вусъат пайдо намуда, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назаррас гардида истодааст. Бо дарназардошти ин номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад ва имрӯз молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар шуда истодааст.

Дар ҳамоиш қайд гардид, ки айни ҳол номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯ ба афзоиш дорад ва ин маънои онро дорад, ки содироти даҳҳо номгӯи маҳсулоти ашёи хом ба хориҷи кишвар кам гардида, он дар дохили кишвар коркард ва истеҳсол мегардад. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар гардад. Тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон фароҳам оварданд, ки мамлакат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазир гардонидани он ва дар ин замина ба вуҷуд овардани имконоти содиротии молу маҳсулот, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми менеҷмент дар самтҳои мухталифи фаъолияти корхонаҳо аз он ҷумла - сифат, муҳити зист, муҳофизати меҳнат, масъулияти иҷтимоӣ зарур мебошад.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки то ҳоло тамғагузории бисёре аз маҳсулоти сохтмонӣ ба талаботи регламенти техникии «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» ҷавобгӯ намебошад. Ҳатто номи истеҳсолкунанда дар халтаҳо дарҷ намегардад. Инчунин, ҳолати нигоҳдории масолеҳ ва мастнуоти сохтмонӣ беҳбудиро талаб мекунад.

Истеҳсолкунандагон дар рафти баромади худ иброз доштанд, ки алҳол аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои тараққикарда самаранок истифода бурда, аз технологияи муосиру ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истифода менамоянд. Аз ин рӯ дар назди ҳар як корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ озмоишгоҳи санҷишӣ бунёд карда, аккредитатсия карда шавад, то ин ки маҳсулот қаблан аз санҷиш гузаронида, ба сифату уствории он боварӣ ҳосил гардад.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён ва мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт мубодилаи афкор сурат гирифт.


ФИРДАВСИ АБДУРАҲМОН