ХАБАРҲО

2022-07-13: Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии Тоҷикстандарт

         Имрӯз, дар бинои Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи васеи идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бар гузор гардид, ки дар он муовини директории Агентӣ Шерзода Ситора, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

         Нахуст, муовини директор Шерзода Ситора баромад намуд. Ӯ ҳамзамон қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «Ҳар кас ниҳоле сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини дарахти сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Албатта, дар ин гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мурод аз дарахти боровар ва меваи ширини он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш мебошад, ки дар ивази қурбонии зиёд ба даст омад.

         Ҳар гоҳ сухан дар бораи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон равад, пеш аз ҳама, симои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки ин бесабаб нест. Зеро ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз ҳамин шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик ҳастанд.

         Дар идомаи ҷаласаи идона, инчунин, қайд гардид, ки таҷрибаи сулҳофарии миллат дар ҷаҳон яке аз нодиртарин таҷрибаҳо дар роҳи расидан ба ваҳдат эътироф гардидааст ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ омӯхта ва истифода мешавад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳар рӯз иқдомҳои шоиста рӯи кор меоянд ва дар ин радиф сатҳу сифати зиндагии мардум боло меравад.

         Ҳамзамон, дар ҷаласа дигар кормандон бо маърӯза ва суханрониҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Ҳар яки онҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдорӣ, сулҳу суббот ва амну осоиштагӣ сухан мекарданд. Ҳамчунин, барои устуворӣ ва пойдор мондани Ваҳдати миллӣ ба ҷавонон таъкидҳо намуданд. Дар баробари ин, ҷавонон низ ба онҳо барои ҳифозат ва ҷовидон мондани Ваҳдати миллӣ бо ивази ҷон ваъдаҳо карданд.

         Дар охири ҷамъомади идона ба як қатор кормандон барои фаъолияти пурсамар ва иҷрои баланди уҳдадориҳои касбӣ, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.