ХАБАРҲО

2022-04-01: Сертификатсиякунонии маҳсулот - кафолати бехатарӣ

 

Сертификатсияи мањсулот ва рушди низоми бањодињии мутобиќат бо дарназардошти таљрибаи байналмилалї яке аз воситањои самарабахши баланд бардоштани сифат ба шумор меравад.

Дар паёми Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии кишвар оид ба масъалаи таъмини соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат бо мутахассисони баландихтисос таъкид гардидааст, ки манфиатњои Тољикистонро дар созмонњои байналмилалї ва дар дохили кишвар мутахассисони болаёќат бояд њимоя намоянд ва давлату њукумат барои мусоидат кардан ба њалли масъалаи мазкур њамаи шароитњоро фароњам меорад.

Аз ин хотир мутахассисони раёсати бањодињии мутобиќат бањри иљрои дастуру супоришњои Сарвари давлат ва татбиќи барномањои умумимиллї, амалї намудани талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, назорати бехатарии мањсулоти содиротї, воридотї ва бозори дохилї, њамчунин иљрои наќшањои ќабулшуда сањми назаррас доранд.

Натиљањои фаъолият нишон медињад, ки мутахассисон бо истифода аз имкониятьои мављуда дар баробари фаъолияти рўзмарраи мењнатї, инчунин дар машѓулиятњои хониши техникї ва семинарњои омўзишї фаъолона иштирок намуда, савияи дониш ва малакаи касбии худро такмил медињанд. Дар шуъба аз рўи наќша њар њафта ду маротиба машѓулиятњои хониши техникї гузаронида мешавад, ки омўзиши  мавзўъњои љорї намудани Низоми идоракунии сифат дар асоси стандартњои байналмилалии ISO 9001, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањодињии мутобиќат» ва дигар дастуру њуљљатњои меъёрии њуќуќї, стандартњо ва регламентњои техникї ба роњ монда шудааст.

Бо маќсади содагардонии расмиёти содироти мањсулот, аз љумла мањсулоти кишоварзї ҷињати дар муњлати камтарин, яъне дар давоми як рўз ба расмият даровардани њуљљатњо ва кўтоњ намудани ваќти ташхис дар Агентї ва марказњои зертобеи он тадбирњои мушаххас андешида шуда, айни замон дар ин самт барои кишоварзону содиркунандагони мањсулоти кишоварзї монеа вуљуд надорад.

Дар самти сертификаткунонї кор тибќи талаботи регламентњои техникї ба роњ монда шудааст ва вобаста ба риояи талаботи њатмии њуљљатњои меъёрии техникї аз ҷониби мутахассисон мунтазам бо воридкунандагон ва истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї корњои фањмондадињї гузаронида мешавад.

Бо дастгирии роњбарият барои фаъолияти њаррўзаи мутахассисон тамоми шароитњои зарурї муњайё карда шуда, онњо аз таљњизоти њозиразамон, толори хониш, њамчунин номгўи зиёди њуљљатњои меъёрї бе мамониат истифода мебаранд. Бояд ќайд кард, ки аз 1 сентябри соли 2020 дар доираи татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 июли соли 2020, № 410 барасмиятдарории амалиёти содиротї, воридотї ва транзитї тавассути низоми «Равзанаи ягона» оѓоз шуд ва айни замон расмиёти сертификаткунонї бо риояи талаботи низоми мазкур ба роњ монда шудааст.

Мирзошоева ЗАМИРА,

сармутахассиси Раёсати бањодии мутобиќат