ХАБАРҲО

2022-03-31: Номунтазамии нархи маҳсулот аз омилҳои гуногун вобастааст

 

«То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратро ба роҳ монда наметавонем».

Эмомалӣ Раҳмон.

Дар шароити ворид шудан ба Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС) ва иқтисодиёти бозорӣ омӯхтан ва самаранок истифода бурдани қонуниятҳои бозор аҳамияти муҳим дорад. Қобили қайд аст, ки дар ин раванд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ногузир будани иқтисодиёти бозориро таъкид намуда истодаанд. Барои ноил гаридан ба ин мақсад, пеш аз ҳама шароитҳои мусоид фароҳам овардан зарур аст. Айни замон моликиятдории хусусӣ асосан, дар заминаи соҳибкории хурду миёна аз шакли ибтидоиаш зина ба зина боло рафта истодааст. Яъне ҳоло мо дар заминаи гузаштан аз моликияти хусусии индивидуалӣ ба шакли дигари он-моликияти гурӯҳӣ ба монанди хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативӣ, саҳомӣ ва ғайра қарор дорем.

Умуман, зиндагӣ, ҳаёт чунон офарида шудааст, ки одамон новобаста аз касбу корашон ба иқтисодиёт вобастагӣ дошта, хоҳ нохоҳ дар ҷараёни он иштирок менамоянд. Аз ин рӯ, иқтисодиёти бозорӣ ногузир аст. Ба таври дигар, одамон ҳуқуқ надоранд, ки масъалаҳои асосии идоракунии иқтисодиётро надонанд.

Имрўзњо як масъалаи ташвишоваре ба миён омадааст, ки рўз аз рўз нархи баъзе аз молу мањсулот рў ба болоравї дорад. Албатта номунтазамї нарху навои молу мањсулот дар њама давру замон вуљуд дошт, вале дар шароити имрўз як њолати нигаронкунанда ба миён овардааст. Бояд гуфт, ки омилҳои зиёди болоравии нархҳо вуҷуд доранд. Ҳам омилҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, ки ба болоравии нархҳо фишор меоваранд. Баъзе омилҳоро метавон бартараф кард. Аммо қисми дигарашон бартарафшаванда нестанд. Лекин, умуман, дар бозори дохилӣ имконияти потенсиалии дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо ва паст кардани сатҳи таваррум вуҷуд дорад. Бояд гуфт, ки имрӯз давлат фармон дода наметавонад, ки дар бозор нархи маҳсулот паст карда шавад ё худаш онро муқаррар намояд. Зеро вай фурӯшанда нест. Бозор қонунҳои хоси худро дорад. Лекин давлат метавонад, бо додани бархе имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагон нархи тамоили боло рафтаистодаро поён фурорад. Ин усул дар бисёр давлатҳо вуҷуд дорад. Масалан, давлат метавонад, дар сурати болоравии нарх аз ҳисоби маҳсулоти захиракардааш бозорро ғанӣ гардонад. Дар ин сурат дигарон аз нархи маҳсулоти аз тарафи давлат басавдогузошта боло баромада наметавонанд. Агар маҳсулот воридотӣ бошад, имтиёзҳоро нисбати гумрук ва дигар хазинаҳо ҷорӣ кардан лозим. Умуман, пеш аз ҳама, сабабҳои асосии болоравии нархро дар бозор бояд муайян кард. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки болоравии нархи як маҳсулот метавонад таъсири худро ба дигар маҳсулот расонад. Маслан, болоравии нархи нафт ё ғалла метавонад, ба дигар маҳсулот чи ғизоӣ ва чи ғайриғизоӣ таъсири манфӣ расонад. Барои пешгирии ин ҳолатҳо мо бояд механизми муқовимат дошта бошем, ки маҳаки асосии он истеҳсолоти пурсамар мебошад.

Роҳи дигар ин аст, ки ҳар сол бояд ба истеҳсолкунандагон маълумот дода шавад, ки имсол истеъмолкунанда ба кадом навъи маҳсулот эҳтиёҷ дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан дар як сол аксари истеҳсолкунандагон ба як намуди маҳсулот масалан, картошка ва ё сабзї машѓул мешаванд. Ҳол он ки мумкин дар бозор талабот нисбати пиёз ва ё дигар намуди мањсулот зиёд бошад. Дар натиҷа табиист, ки ин намуди маҳсулот хоҳ нохоҳ қимат мешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти мониторинги институтҳои махсус дар ин ҷода манфиатнок бошанд.

Хулоса, ҳар қадар истеҳсолот зиёд шавад, дар бозор мол ҳамон андоза арзон мешавад.

Истеҳсолкунанда бояд талаботи бозорро ба назар гирифта ба бозор мол ворид кунад, зеро мебояд, ки он молро фурӯхта то ин ки хароҷотҳояшро пӯшонда фоида ба даст орад. Ин муваффақиятҳо дар натиҷаи меҳнати оқилона, истифодаи таҷрибаи пешқадам, самаранок истифода бурда тавонистани илму техникаи муосир муяссар хоҳад гашт.

Диловар Рањимов,

мутахассиси Нозироти савдои Агентии Тољикстандарт