ХАБАРҲО

2021-06-04: Пешниходи махсулоти бехатар

     Пешнињоди мањсулоти бехатар

                                масъулиятро талаб менамояд

           Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва семинару  вохӯриҳо дар миёни  соҳибкорон, ки аз ҷониби Масъулин ва мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт ба таври доимӣ амалӣ мегардад, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти пастсифату муҳлати истеъмолиаш гузашта ва вайроншуда имрӯз аксарияти соҳибкорон масъулияти ҷиддӣ эҳсос мекунанд. Намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Адана» бо мақсади несту нобуд кардани 8140,6 кг маҳсулоти вайроншуда ва муҳлати истеъмолиаш гузашта бо ташаббуси худ ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат карданд.

         Маҳсулоти вайроншуда иборат аз кетчуп, афшураи лимӯ, нахуди сабз ва ҷуворимаккаи консервашуда, конфету шоколадҳо ва нӯшокиҳои ташнашикан иборат буд. Қисме аз ин маҳсулот  вайрон нашудаву муҳлати истеъмолиаш бардавом буд, вале  намуди зоҳириашро ҳангоми интиқол ва нигоҳдорӣ гум кардаанд, ки он қобили ба харидор пешниҳод кардан нест, зеро намуди зоҳириии ҳама гуна молу маҳсулот ҳангоми фурӯш бояд ба талабот ҷавобгу бошад.

         Маҳсулоти мазкур барои нобудсозӣ ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душнабе барои хуроки ҷонварон интиқол дода  шуд. Ташаббуси соҳибкорон барои нобудсозии ин гуна маҳсулот маротибаи аввал нест. Борҳост, ки ҳангоми вайрон шудан ва ё муҳлати истеъмолии маҳсулот гузаштан соҳибкорон худ иқдом мегиранд, ки ба мутахассисони Агентӣ муроҷиат намуда теъдоди зиёди маҳулотро нобуд созанд. Соҳибкорон бо дарки баланди масъулиятшиноси таи солҳои охир кӯшиш мекунанд, ки молу маҳсулотро бо сифати баланду барои истеъмол мувофиқ ба истеъмолкунандагон пешниҳод намоянд то бехатарии ҳама намуди ғизо таъмин бошад ва бозори истеъмолӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулоти босифату тару тоза таъмин бошад, - иброз дошт,  Нуруллозода Сироҷиддин –мутахассиси Агентии Тоҷикстандарт.