ХАБАРҲО
2021-02-24: Мутахассисони Тољикстандарт аз курсњои такмили ихтисоси Академияи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Федератсияи Россия мегузаранд
Тавре ќаблан иттилоъ дода шуда буд, бо маќсади такмили ихтисоси мутахассисон аз 8 то 19 феврали соли 2021 дар Агентии Тољикстандарт курси омўзишї бо љалби мутахассисон аз раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї ва шуъбањои онњо дар марказњои зертобеъ дар мавзуъњои стандартонї ва бамеъёрдарории техникї дар замони муосир дар асоси таљрибаи Федератсияи Россия ва Иттињоди гумрукї, ки аз љониби коршиносон ва устодони Академияи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Федератсияи Россия гузаронида шуда, ба шунавандагон тамоми пањлуњои ин масъалањо омўзонида шуд.
Ќайд кардан зарур аст, ки 10 нафар кормандон аз дастгоњи марказї ва марказњои зертобеи Агентї баъд аз ба анљом расонидани курси омўзишї, дар натиљаи супоридани имтињон соњиби Шањодатнома оид ба хатми Академияи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Федератсияи Россия гардиданд ва дар фарљом муовини ректори Академияи мазкур Новиков Валерий Александрович барои иштироки фаъолона ва интизоми намунавї нишон додани шунавандагон изњори ќаноатмандї намуд.
Дар навбати худ масъулин минатдории роњбарияти Агентиро ба роњбарияти Академия расонида, барои дар оянда роњандозї намудани дигар курсњои омўзишї изњори њавасмандии худро баён намуданд.
Баъди хатми курси омўзишии мазкур сардори раёсати бамеъёрдарори техникї ва муовини он бо њар як шунаванда дар алоњидагї суњбат намуданд ва шунавандагон аз марказњои зертобеъ вазифадор карда шуданд, ки дар раванди фаъолият бо дигар кормандони шуъбањо дар бораи таассуроти гирифтаашон аз курси омўзишї ва таљрибаи Федератсияи Россия ва Иттињоди гумрукї корњои фањмондадињї гузаронанд.
Омўзиши мазкур барои ѓанї гардонидани таљрибаи кормандони Агентии Тољикстандарт ва дар ин замина ба рушди соњаи стандартонї мусоидат менамояд.
Агентии Тољикстандарт дар оянда низ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва љињати мубодилаи таљрибаи онњо мусоидат намуда, дар дигар самтњо низ чунин курсњои омўзиширо ба роњ мемонад.











