ХАБАРҲО

2020-06-04: Иштироки директори Агентии Тоҷикстандарт дар ҷаласаи кории роҳбарони мақомоти милӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи ИДМ

    

4 июн директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Қудрат дар ҷаласаи кории роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои ИДМ, ки дар шакли видео-конфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори љаласа роҳбарон ва намояндагони маќомоти марбутаи Тољикистон, Федератсияи Россия, Ҷумњурињои Арманистон, Беларус, Ќазоќистон, Ўзбекистон ва Бюро оид ба стандартњои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин намояндаи Кумитаи иљроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш сараввал масъалаи корҳои дар шароити паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 анҷомдодаи аъзоён ва табодули иттилоот оид ба чорабиниҳои дар ин самт гузаронидаи мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар суханронии хеш директори Агентии Тоҷикстандарт  дар ростои паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 ва пайомадҳои он ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва тадбирҳои дар ин самт аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт роҳандозишуда ибрози ақида намуд.

Бояд қайд кард, ки иштирокчиёни видеоконфронс иқдомҳои Агентиродар самти дастгирии истеҳсолоти ватанӣ аз ҷониби Агентӣ таҳия гардидани шартҳои техникӣ барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва либосҳои таъиноти муҳофизатӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байнӣ аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои истифодаи субъектҳои хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, муваққатан дар ин давра боз доштани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣҷтимоӣ муҳим арзёбӣ гардида, барои табодули таҷриба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳо оид ба иљрои ќарорњои љаласањои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, бамеъёрдарории техникї ва баррасии стандартњо, бартараф намудани монеањои техникї дар савдои байни давлатњои аъзои ИДМ, гузаронидани бањодињии мутобиќат њангоми воридоту содирот намудани молу мањсулот, баррасии фаъолияти комиссияњои илмї – техникї, таќвият додани робитањои илмї-техникї мавриди тањлил ќарор дода шуда, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин дар ҳамоиш Стратегияи рушди Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия барои давраи то соли 2030 мавриди муҳокимаи аъзоён қарор гирифт.

Дар фарҷом иштирокчиён омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.