ХАБАРҲО

2020-04-03: Вохӯрии судманд бо истеъмолкунандагон

Ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нишони он аст, ки  дар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қадамҳои боэътимод гузошта мешаванд.

Бо мақсади гузаронидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва ҷалби мақомоти марбута ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар Донишкадаи соҳибкорӣ  ва хизмат  бо донишҷуён вохӯрии судбахш гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт баромад карда иброз доштанд, ки ҳадафи баргузории ин вохурӣ ва ин иқдоми Агентии Тоҷикстандарт пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда мебошад. Дар ин замина сомонаи Агентӣ дар шакли нав фаъол шудааст ва  шаҳрвандон метавонанд тавассути он аз рафти  фаъолияти сохтор маълумоти муфассал гиранд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Агентии Тоҷикстандарт дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро ҷорӣ намудааст, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агенӣ мурҷиат намоянд ва аз ҳуқуқҳои худ бархурдор гарданд. Яъне ҳама сокинони кишвар имкон доранд, ки  барои нигоҳ доштани сифати молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо кормандони Агентӣ дар робита бошанд. Таъкид гардид, ки Агентии Тоҷикстандарт барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва эҳтиёткории шаҳрвандон нисбат ба хариди молу маҳусулот роликҳои тарғиботиро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври доимӣ пахш мекунад, то истеъмолкунандагон дар ҳолати зарурӣ аз ҳуқуқҳои истеъмолии худ баҳравар бошанд.  

Ҳамчунин дар рафти вохўрӣ аз тарафи мутахассисони Агентӣ ба як қатор масъалаҳои мубрам оид ба тарзи дурусти нигоҳдорӣ ва истеҳсоли молу маҳсулот маслиҳатҳои муфид ва маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як харидор ҳангоми хариди молу маҳсулот ба намуди зоҳирии он, тамғакоғаз, ҷои нигоҳдорӣ ва мӯҳлати истеъмолии он бояд таваҷҷуҳ намояд. Дар ҳолати шубҳанок намудани молу маҳсулот аз харидории он худдорӣ намояд ва ё ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунад. Ҳозирин таъкид доштанд, ки донишҷўён ҳам гурўҳи калони истеъмолкунанда мебошанд ва ҳамарўза аз бозору мағозаҳо маҳсулотеро харидорӣ мекунанд. Бинобар ин доштани иттилоъи бештар оид ба хуқуқҳои истеъмолияшон  зарур аст.  

Баъдан аз тарафи донишҷўён як қатор саволҳо оид ба чи гуна ҳифз кардани солимии худ, пешгирии поймол шудани хуқуқҳояшон, муроҷиат ба кормандони Агентӣ дар ҳолати зарурӣ, истифодаи вайбер ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мавҷудбуда, ки дар ҳаёташон ҳамарўза ба миён меояд,  пешниҳод карда шуд ва ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ пурра посухи қаноатбахш  гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ масъулини Донишкада иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Агентиро муҳим ва нек арзёбӣ намуда, миннатдории хешро баён намуданд. Ин иқдом аз ҷониби кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ гузаронида мешавад ва вохӯриҳо  идома дорад.