ХАБАРҲО
2020-04-03: Риояи талаботи стандартњои байналмилалї дар соњаи кишоварзї-омили рушди содирот ба хориљи кишвар
Рўзи 12 марти соли 2020 аз тарафи Раёсати бамеёърдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикстандарт бо иштироки кишоварзони (35 нафар роњбарони хољагињои дењќонї ва масъулини соња) аз шањри Бохтар, ноњияњои Вахш, Кушониён, Балхї, Хуросон ва Љомї дар мавзўи «Талаботи стандартњои байналмилалї дар соњаи кишоварзї” дар шањри Бохтар семинари омўзишї гузаронида шуд.
Дар кори он бо масъулини соња оид ба стандарти кишоварзии “GLOBAL. G.A.P-Таљрибаи хуби аграрї” барои содирот ба хориљи кишвар маълумот дода њозиринро ба талаботи ин стандарти эътирофшудаи байналмилалї шинос намуда онро дар таљриба ба иштирокчиён нишон доданд.
Њамзамон њозиринро оид тањияи стандартњои мањсулоти кишоварзї шинос намуда ќайд карданд, ки давоми чанд сол аст, ки Агентии Тољикстандарт бо Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) љињати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ њамкорї дорад. Бо маќсади таќвияти рушди содирот тањияи стандартњои мањсулоти кишоварзї, дар њамкорї бо шарикони рушд барои содироти мањсулоти ватанї ба хориљи кишвар корњои назаррасе ба анљом расонида шуд. Дар давоми солњои 2018-2019 аз тарафи мутахассисон рисолањои тавзењї аз рўи стандартњои байналмилалии Комиссияи иќтисодии аврупоии Созмони Милали Муттањид – “ЕЭК ООН FFV-25” барои содирот , назорати сифати
мањсулоти пиёзи барваќтї, стандарти “ЕЭК ООН FFV-63”- барои содирот ва назорати сифати мањсулоти хурмо ва стандарт барои лиму “ЕЭК ООН FFV-14” тањия шудаанд. Дар рисолаи тавзењї дар асоси талаботи байналмилалї љињати ба ќайд гирифтани нишондињандањои зарурии мањсулот, намунањои мањсулот аз рўи нишондоди нуќсонњои табиї, нуќсонњои техникї, намуд, шакл ва вазн бо љалби мутахассисони Академияи илмњои кишоварзї бањогузорї карда шуд. Талаботи њар як стандарти мазкур ба иштирокчиён тавзењ дода шуд.
Дар кори семинар дар бораи сиёсати пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти рушди содироти мањсулоти кишоварзї ба хориљи ва дар заминаи татбиќи ин сиёсат оид ба корњои ба сомон расонидаи Агентии Тољикстандарт гуфта гузаштанд. Ќайд карда шуд, ки дар ин самт љињати бењтар намудани сифати мањсулоти кишоварзї ва баланд бардоштани иќтидори содиротї аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон татбирњо роњандозї гашта истодаанд. Чунончи, Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон иброз доштанд: «Яке аз роњњои баланд бардоштани сатњи некўањволї ва бењтар гардидани вазъи зиндагии мардуми кишвар дар афзоиши истењсоли мањсулоти кишоварзии ватанї ва содироти он ба хориљи кишвар мебошад»
Њамин тариќ, семинар љамъбаст гардида њозирин оид ба талаботи стандартњои байналмилалии соњаи кишоварзї маълумоти муфассал дастрас намуданд.











