ХАБАРҲО
2019-02-22: Воридоти 18 тонна чойи пастсифат аз ҷониби Тоҷикстандарт пешгирӣ шуд
Дар самти њимояи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти пастсифату ба саломатї хатарнок аз љониби Агентии Тољикстандарт мунтазам тадбирњои мушаххас андешида мешавад. Аз љумла, ќабули њуљљатњои меъёрии техникии талаботи њатмидошта-Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон ва тавсеа додани фаъолияти озмоишгоњњои ташхисї љињати пешгирии воридоти мањсулоти ѓизоии пастсифат ба бозори истеъмолї мусоидат менамояд.
Дар ин замина дар доираи корњои сертификаткунонї дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи чойи сиёњи истењсоли Њиндустон, ки тибќи санади гирифти намуна ба озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўроквории дастгоњи марказии Агентї пешнињод шудааст, муайян карда шуд, ки намунаи чойи сиёњи пешнињодгардида аз рўи нишондоди сифат (таркиби моддањои фаъоли тезњалшаванда дар об) ба талаботи њуљљати меъёрї – ГОСТ 32573-2013 «Чойи сиёњ. Шартњои техникї» мутобиќ нест.
Бо дарназардошти ин, дар њамкорї бо намояндагони Хадамоти гумрук миќдори умумии чойи воридгардида, ки 18 000 кг-ро ташкил медод, тибќи низоми «Реэкспорт» аз ќаламрави љумњурї берун бароварда шуд.
Бо истифода аз фурсат, аз соњибкорону воридкунандагони мањсулоти ѓизої хоњиш менамоем, ки дар самти ворид намудани молу мањсулот ба ќаламрави мамлакат манфиатњои миллиро аз манфиатњои шахсї боло дониста, эњсосу дарки баланди ватандўстї дошта бошанд.











