ХАБАРҲО
2018-05-25: 25 МАЙ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ
Тибќи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муќаррар карда шудааст.
Дар ин робита имрўз дар Агентї ва марказњои зерсохтори он чорабинињои идона доир гардид.
Аз љумла, бахшида ба ин Рўзи касбї дар дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт љамъомади тантанавї баргузор шуд. Дар њамоиш баъд аз табрикоти роњбарияти Агентї, инчунин аз тарафи мутахассисони соња оид ба таърихи соња ва дастовардњо дар фаъолият изњори назар карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар радифи идҳои тақвимии сол таљлил гардидани Иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи Тоҷикистон баёнгари муҳимияти бахши стандартонӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллии мамлакат, муайян намудани сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотї, дар маҷмӯъ дастгирии соњибкорї ва њифзи бозори истеъмолии мамлакат мебошад.











