Кумитаҳои техникӣ

КУМИТАИ ТЕХНИКӢ ОИД БА ТАҲИЯИ СТАНДАРТҲО

Бо маќсади ташкил ва амалигардонии корњо оид ба стандартонии давлатї, минтаќавї (байнидавлатї) ва байналмилалї вобаста ба соња Кумитањои техникї (КТ) оид ба стандартонї таъсис дода мешаванд. КТ корхона ташкилотњоеро муттањид менамояд, ки иштирокчиёни бевоситаи бозори мањсулот ва хизматрасонї дар соњаи фаъолияти КТ ба њисоб мераванд ё дар соњаи мазкур манфиати ѓайримустаќим доранд, инчунин шахсони воќеие, ки мутахассиси соњаи фаъолияти КТ њисоб меёбанд. Тартиби ташкил ва фаъолияти кумитањои техникї оид ба стандартониро маќомоти ваколатдори давлатї оид ба стандартонї муайян менамояд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи стандартонї» бо маќсади тањияи стандартњои давлатї таъсиси кумитањои техникиро дар соњаҳои гуногун пешбинї намудааст.

Бо назардошти ин, бо розигии Њукумати Љумњурии Тољикистон  аз 25 ноябри соли 2011 дар назди Агентии Тољикстандарт ду кумитаи техникии зерин таъсис дода шуд:

1. Кумитаи техникї оид ба стандартонии «Мањсулоти хўрокворї». 2. Кумитаи техникї «Оид ба сарфаљўии энергия, самаранокии энергетикї ва энергоменељмент».

Ба њайати Кумитањои мазкур мутахассисони њама вазорату идорањои дахлдор, роњбарони ассосиатсияњои соњибкорї, ва энергетикњои Љумњурии Тољикистон шомиланд.

Вазифаи асосии Кумитањои техникии мазкур рушди стандартонии давлатии соњањои хўрокворї ва энергетика дар доираи вобасташудаи фаъолияти онњо, таъмини сариваќтї ва босифати илмию техникии тањияи стандартњои давлатї, ки љавобгўи маќсадњои ќонунгузории соњаи стандартонї ва талаботи истењсол, интиќол ва истифодаи мањсулоти хўрокворї ва энергия мебошад, њамзамон, њамкорї дар тањкими заминаи меъёрии мукаммалгардонию нигањдории сатњи илмию техникии стандартњои давлатї ва њуљљатњои стандартонии амалкунанда, нав, тањия ва тасдиќшаванда ба њисоб меравад.

То имрўз аз тарафи кумитањои технии мазкур зиёда аз 40 стандарти байнидавлатї ва байналмилалї њамчун стандарти миллї тањия ва њамоњанг гардонида шудааст.