Тоҷикистон кишвари сайёҳи
САЙЁҲИИ КӮҲӢ. САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИҚТИСОДӢ
Сайёҳии кӯҳӣ яке аз навъҳои ҷолиб, серталабот ва ояндадори соҳа маҳсуб ёфта, солҳои охир афзалияти бештар касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кофии рушди сайёҳии кӯҳӣ дошта, метавонад дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 дарсадро кӯҳсор ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нисфи ҳудуди кишвар дар баландии беш аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр) нуқтаи баландтарини он маҳсуб меёбад. Барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир шуда, дар он кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Украина, Германия, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Франсия, Шведсия, Дания ва Австрия ширкатмеварзанд.
Кӯҳҳои баланд, пиряхҳои бузург, кӯлҳои зиёд, ҳайвоноту наботот, обҳои минералию нарзании хунуку гарм, ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ, манзараҳои зебо, ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ барои сайёҳии кӯҳӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин аст, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ ду соли охир бамаротиб афзуда, аз 430 922 сайёҳи соли 2017 ба 1 миллиону 155 ҳазор нафар дар соли 2018 ва 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар дар соли 2019 расид. Ба гуфтаи коршиносон «гавҳар»-и асосӣ ва «оҳанрабо»-и Тоҷикистон дар кӯҳҳо воқеъ аст. Маконҳои аҷиб ҳастанд, ки метавонанд боиси шодмонӣ ва тааҷҷуби сайёҳон гарданд. Ин ҳам шухпаймоӣ, кӯҳнавардӣ дар қаторкӯҳҳои Помиру Фон ва ҳам истироҳат дар осоишгоҳу гармчашмаҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди он тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд. Дар пайи он сохтмони як қатор иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд. Инчунин, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият ёфта, Бонки ҷаҳонӣ 15 миллион доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” маблағи грантӣ ҷудо мекунад. Лоиҳа ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расондани мавзеъҳои таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнӯъгоҳҳои қалъаҳои Ҳулбук ва Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд ва дигар инфрасохтори ҷалбкунандаи сайёҳон дар атрофи мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона хоҳад гашт. Кӯҳнавардӣ, шухпаймоӣ, рафтинг, пиёдагардӣ дар кӯҳҳо аз бахшҳои афзалиятноки сайёҳии кӯҳӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Аксари сайёҳон маҳз ба хотири боздид аз кӯҳҳои сар ба фалак ва зебогиҳои табиат ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Вале кормандони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз назорати тозагии минтақаҳои сайёҳии кӯҳӣ нигаронанд. Зеро ба гуфтаи онҳо сайёҳони хориҷӣ аз партовҳо дар ҷангалу кӯҳсори Тоҷикистон нороҳат мешаванд. Ҳамчунин, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз гирифтани маблағ аз сайёҳон барои воридшавӣ ба мамнӯъгоҳҳои табиӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо кормандони ҷангал бо такя ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, таҳти рақами 546 ҳангоми воридшавӣ аз сайёҳон маблағи муайян талаб менамоянд.
Ҳол он ки, дар зербанди 5-и замимаи 15 қарори мазкур ибораи “барои мақсадҳои солимию фарҳангӣ” омадааст, ки ба сайёҳии экологӣ ё кӯҳӣ мувофиқ нест. Бинобар ин, мутахассисони соҳа пешниҳод менамоянд, ки дар зербанди қарори мазкур барои муайян кардани мақсад тағйирот ворид шавад ё чораи дигари мувофиқ андешида шавад. Гузашта аз ин, камбудиҳо дар хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба мушоҳида мерасанд, ки аз нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ сар задаанд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои фарогир ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
Гарчанд имрӯзҳо бинобар пандемияи COVID - 19 аз ҳама бештар соҳаи сайёҳӣ чун яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёт зарар дид, дар кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта роҳу усулҳои нави роҳандозии сайёҳӣ пайдо шуда истодаанд.
Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои дастаҷамъонаи мутахассисону алоқамандон маҷрои наву устувор пайдо хоҳад кард.
Чанде пеш ассотсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд. Дар ҳолати ба эътидол омадани вазъ ва иҷозати сафар ба саёҳат эътирофи мазкур метавонад ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар замина гузорад.
САЙЁҲИИ КОРӢ - ВОСИТАИ ПЕШБУРДИ САНОАТИ САЙЁҲӢ
Сайёҳии корӣ яке аз навъҳои сердаромад ва доимии соҳа буда, қариб дар тамоми ҷаҳон босуръат афзоиш меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дурнамои муайян дошта, мавқеи геополитикӣ ва захираҳои табиии мамлакат ба афзоиши шумораи сафарҳои вобаста ба тиҷорат ва омӯзиш, конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
ДУШАНБЕ – МАКОНИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ САТҲИ БАЛАНД
Солҳои охир Тоҷикистон, бахусус Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст ва зери таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Аз ҷумла, соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон– шаҳри Душанбе панҷумин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гашт, ки дар баробари тақвият додани обрӯ ва эътибори мамлакат ба рушди сайёҳӣ такони тоза бахшид. Ин аввалин нишасти МҲТБО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ сохт. Аз ҷониби дигар саммит ба афзудани робитаҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Меҳмонони зиёди хориҷӣ дар ҳошияи саммит аз табиат, зебогиҳои пойтахти мамлакат, расму оин, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, зимни тамошо аз Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғи “Куруши Кабир” меҳмонон таассуроти рангин бардоштанд.
Бозтоби саммит ва манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфи дунё, монанди “Синхуа”, ССТВ, ИТАР ТАСС, “Ал- Ҷазира”, “Евронюс”, BBC (Би-би-си) бешубҳа дар афкори умумии байналмилалӣ тасаввуроти аҷибро аз Тоҷикистон эҷод кард. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю чандҷониба гардид. Дигар чорабинии сатҳи баланд, ки дар он намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои ҳамшарик, аз ҷумла намояндаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва намоядагони дигар созмонҳои байналмилалӣ, ширкат варзиданд, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон – 2019 буд. Чорабинӣ барои пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ дар сатҳу сифати нав ва рушди сайёҳӣ мусоидат кард.
9 МЕҲМОНХОНАИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
Ҷойгир кардани меҳмонони сатҳи баланд мавҷудияти инфрасохторро дар шаҳрҳо, бахусус дар пойтахт тақозо мекунад, - гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотӣ. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои асосии гуногунтаркиб намудани сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин диққати аввалиндараҷа додан ба саёҳати корӣ ё ин ки бизнес - сафарҳо мебошад. Нафароне, ки бо мақсади корӣ ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд, ҳеҷ гоҳ аз хизматрасонии меҳмонхонаи одӣ ё ҳостел истифода намебаранд. Бинобар ин, тибқи анъана ва талабот барои ҷойгир кардани меҳмонон бояд ҷой дошта бошем. Гоҳо чорабиниҳои байналмилалӣ ҳудуди то 2 ҳазор ҳуҷраҳои хоби сатҳи баландро тақозо мекунанд. Мавриди истифода қарор гирифтани 9 меҳмонхона, ки сохтмонашон дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудааст, барои қонеъгардонии талаботи афзоянда мусоидат хоҳад кард. Меҳмонхонаҳои ҳозиразамон ва тарҳи миллӣ аз ҷониби соҳибкорон ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд мешаванд. Ҳамаи меҳмонхонаҳо бо назардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 - ситорадор, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат ва бо марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳазонда мешаванд.
Саёҳати якрӯза ва хизматрасониҳои логистикӣ
Вақте меҳмон барои гузарондани чорабинӣ, ки қисми фаъолияти ӯ аст ба ин ё он минтақа меравад, барои ӯ саёҳатҳои кӯтоҳмуддат лозим аст. Дар баробари ин, онҳо мехоҳанд, ки каме истироҳат ва дар бораи ҷойе, ки мераванд маълумот пайдо кунанд. Мувофиқан ширкатҳои сайёҳӣ дар ин ҷода чунин талаботи меҳмонони хориҷиро ба инобат гирифта, саёҳати якрӯза пешниҳод мекунанд. Ин ҳамон саёҳатест, ки 80 дарсади меҳмонон имкони онро доранд. Душанбеи рӯзона, шоми Душанбе, Қалъаи Ҳисор, саёҳати саргузаштдор – Сафед – Дара, Норак – кӯли кӯҳӣ, Аҷинатеппа – Бохтар, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Искандаркӯл– қиссаи воқеӣ, «Чилдухтарон» - ин гурӯҳи хатсайрҳое, ки ширкати сайёҳӣ маҳз бо ҳамин мақсад тарҳрезӣ кардааст ва байни сайёҳони хориҷӣ машҳуру мақбуланд. Иловатан, хизматрасониҳои логистикӣ пешбинӣ шудаанд, ки ширкати сайёҳӣ пешниҳод медорад.
Ширкатҳои сайёҳии ватании дигар низ дар ин самт хизматрасониҳои худро пешниҳод медоранд ва дар ин самт ду тарафи масъаларо баррасӣ мекунанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа
Мувофиқи таҳлилу омӯзишҳои мутахассисон, нишондиҳандаҳои сайёҳии корӣ дар миқёси ҷаҳон босуръат афзоиш ёфта, ба саноати сайёҳии корӣ 60 дарсади тамоми сайёҳии ҷаҳонӣ рост меояд. 55-60 дарсади ҷойҳо дар меҳмонхонаҳо аз ҳисоби сафарҳои корӣ пур мешаванд.
Қаблан миқдори сафарҳои кории байналмилалӣ дар як сол тақрибан ним миллион буда, тибқи пешгӯиҳо соли 2020 ин рақам се баробар афзуда, ба 1,6 миллиард сафар хоҳад расид. Таносубан гардиши асъор ҳам афзоиш ёфта, ба андешаи коршиносон, ҳудудан 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии корӣ ҳудуди 40 дарсади сафарҳои корӣ дар ҷаҳон ба минтақаи Аврупо рост меояд. Хароҷоти ҳаррӯзаи тоҷир ҳангоми сафари корӣ аз хароҷоти ҳаррӯзаи сайёҳи одӣ ба ҳисоби миёна се маротиба зиёдтар аст. Аз ин рӯ, Россия ба мисоли бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамасола ҳамоишҳои зиёди байналмилалиро мегузаронад. Ғайр аз ин, ташкилкунандагон ҳангоми баргузории барномаҳои иловагии саёҳат, минтақаро чун макони сайёҳӣ реклама мекунанд, то меҳмонон хоҳиши баргаштан ба ин ҷоро намоянд. Аз ин ҷост, ки сайёҳии корӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад.
МУТТАҲИДСОЗИИ ШИРКАТҲО ВА ТАШКИЛИ МАҲСУЛОТИ НАВ
Нақшаи баргузории ҳамоиш ва чорабиниҳои расмӣ ҳамвора вусъат меёбад. Ин тамоюлро метавон ба осонӣ шарҳ дод – солҳои охир сайёҳии корӣ ба яке аз бахшҳои сердаромади саноати ҷаҳонии сайёҳӣ табдил ёфта истодааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ин навъи сайёҳӣ нав ташаккул ёфта истодааст. Вале, талабот ба гузарондани конфронсу намоишгоҳҳо меафзояд ва нафароне, ки дар бозори сайёҳии корӣ аз ин мақсаднок истифода мебаранд, ниҳоят каманд. Байни ширкатҳои саноати сайёҳӣ, ки дар бахши сайёҳии корӣ фаъолият мебаранд қариб ки алоқаҳои шарикӣ мавҷуд нест. Муттаҳидсозии ширкатҳо барои қонеъгардонии талаботи истеъмолгарони сайёҳии корӣ, ҳамчунин, ташкили маҳсулоти нав дар бахши сайёҳии корӣ масъалаи навбатие мебошад, ки бо ёрии таъсиси иттиҳодияҳои сохторҳои сайёҳӣ, шарикии давлат ба бахши хусусӣ метавон ҳал кард. Зеро сайёҳии корӣ воситаи пешбурди саноати сайёҳӣ буда, муваффақияти фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии корӣ, дар навбати аввал бо маҳсулоти ҷолиби сайёҳӣ муайян карда мешавад.
Имкониятҳои беназири сайёҳии Тоҷикистон
Як нуктаи муҳимеро, ки дар иртибот ба рушди сайёҳӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, зарурати муаррифии густурдаи муъҷизоти табиат ва олами вуҳуши Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи вижаи “Ташаккули маърифати ҷамъиятӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани бабри барфӣ ва мавқеи он дар сатҳи миллӣ тавассути ВАО”-ро пиёда месозанд, ки дар тарғиби моҳият ва судмандии туризми экологӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба диёри афсонавии мо нақши арзанда мебозад.
ҲАР СЕЮМ САЙЁҲ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГИРО ИНТИХОБ МЕКУНАД
Вақте соли 1983 экологи мексикоӣ Гектор Себалос-Ласкурайн бори нахуст истилоҳи «экотуризм»-ро пешниҳод намуд, касе чашмдошт набуд, ки чанд даҳсолае пас ин самти нав босуръат рушёд ёфта, чоряки бозори ҷаҳонии сайёҳиро ба даст меорад. Тибқи омор, алъон ҳамасола аз теъдоди умумии сайёҳон 30 дарсад туризми экологиро интихоб менамоянд. Ғайр аз ин, 70 дарсади онҳо иброз медоранд, ки соли дигар маҳз ба ин намуди аз ҷиҳати экологӣ бехавф афзалият хоҳанд дод. Ин самти иқтисоди ҷаҳонӣ рӯзе тақрибан 1 миллиард доллар даромад меорад ва ин нишондиҳанда тамоили устувори афзудан касб кардааст. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки гардиш дар ин самти сайёҳӣ ба ним триллион доллар наздик шудааст. Ғайр аз ин, тибқи баҳои коршиносон, ҳар сол барои эҳтиёҷи соҳаи мазкур ба маблағи 55 миллиард доллар молу хизматрасонӣ истеҳсол мешавад. Дар гузориши Созмони байналмилалии экотуризм зикр мегардад, ки аз соли 2004 то инҷониб суръати рушди соҳаи номбурда назар ба намудҳои маъмули сайёҳӣ се маротиба бештар буд.
Ин рақамҳои воқеан ҳайратовар, пеш аз ҳама, далели онанд, ки миёни сайёҳони дунё тамоили дасткашӣ аз истироҳатгоҳҳои боҳашамати шаҳрҳо, лаби баҳрҳою ҷазираҳо ва рӯ овардан ба оғӯши табиати бикру тамошои олами вуҳуши он сол ба сол қувват мегирад. Табиист, ки дар пайванд бо табиати афсонавии Тоҷикистон ва имкониятҳои беназири рушди туризми экологӣ дар манотиқи гуногуни кишвар. Бо назардошти он ки ҳамагӣ дар ду соли охир теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуда, аз 1 миллион нафар гузашт, қимати ташаббусҳои ҳаётан муҳими Сарвари давлат оид ба рушди босуръати соҳаи туризм бармало зуҳур мекунад. Маҳз дар асоси ҳамин сиёсати созанда, ки нишонаи дарку пайгирии саривақтӣ аз самтҳои ояндадори иқтисоди ҷаҳонист, Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ворид мешавад. Дар раванди рушди экотуризм ба сохторҳои сайёҳӣ бояд мардуми маҳаллӣ шарик гарданд, то ки муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва олами ҳайвоноту наботот барояшон аз ҷиҳати иқтисодӣ судовар бошад. Дар ин сурат сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон низ беҳтар мегардад.
Гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои муосири инъикоси он омилест, ки метавонад таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ба худ афзун гардонад.. Тамошои ҳайвоноти нодир аз рукнҳои муҳими экотуризм маҳсуб меёбад ва шефтагони табиат ҳазорҳо километрро паймуда, маҳз барои дидани онҳо, аз ҷумла озодапаланг, меоянд. Дар олами сайёҳӣ озодапаланг чун рамзи бикр мондани табиат, устувории экосистема пазируфта шудааст, ки аз дахолати инсон ва таъсири техногенӣ алҳол эмин мондааст. Алъон дар дунё ҳамагӣ то 4 ҳазор сар аз ин ҳайвони нодир мавҷуд мебошад, аз ҷумла дар кишвари мо қариб 300 сар, ки дар муқоиса бо кулли давлатҳои дигар воқеан нишондиҳандаи хубест. Айни замон дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуд ҳайвони нодир сабт шуда, онҳо аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021 давоми мантиқии ташаббуси қаблӣ дар ин самт буда, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пиёда сохтани ин барномаи густурда фишанги муҳими пешрафти иқтисоди миллиро рӯи кор оварда, мавқеяшро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувортар месозад.