Нозироти пахта ва пилла

   Нозирот оид ба ташхис, сертификатсия ва назорати маҳсулоти пахта ва пила

  •  

Дар сохтори Нозирот оид ба ташхис, сертификатсия ва назорати маҳсулоти пахта ва пилла  (минбаъд Нозироти пахта) маркази ташхис ва сертификатсияи маҳсулоти пахта ва пилла, бахши назорати риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонии соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла, бахши  омодасозии ҳуҷҷатҳои илмӣ, лоиҳавӣ ва сметавии корхонаҳои коркарди соҳа ва бахши Нозироти пахта ва пилла дар вилояти Суғд  фаъолият менамоянд.

Нозироти пахта дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоиш ва супоришҳои Директории Агентии Тоҷикстандарт, инчунин Низомномаи раёсати мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

Бо мақсади танзими назорати сифати маҳсулот ва татбиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои  баҳодиҳии мутобиқат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 12 моҳи соли 2017 аз ҷониби маркази ташхисии Нозироти пахта нисбати 67686 тонна нахи пахта, 69412 тонна маҳсулоти пахта, 15021 тонна ресмони пахтагӣ ва 244 тонна маҳсулоти пилла корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуд.

Объектҳое, ки аз ҷониби Нозироти пахта дар онҳо назорати давлатии риояи талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷатҳои стандартонӣ гузаронида  мешавад,  инҳо  мебошанд:

- маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодаи партовҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;
- ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии маҳсулоти пахта ва пилла;
- ҷараёни технологии истеҳсолот ва ташхиси маҳсулоти пахта ва пилла.

Мавзӯи фаъолияти Нозироти пахта иборат аст аз:

- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникӣ барои маҳсулоти пахта ва пилла;

- паҳн намудани стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, давлатӣ, қоида ва тавсияҳо дар соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;

-амалӣ намудани назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, бехатарии маҳсулот, қоидаҳои сертификатсия, рақобатпазирии маҳсулот, ҳимояи ҳуқуқӣ истеъмолкунандагон ва манфиатҳои давлатӣ;

- иштирок дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи пахтакорӣ ва пиллапарварӣ;

-иштирок дар корҳои ваколатдиҳӣ ва ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда;

- гузаронидани экспертизаи стандартҳои миллӣ, байнидавлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;

-пешгирӣ ва муайян намудани сабабҳои риоя нагардидани  талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ;

-гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулот;

- баррасӣ намудани муроҷиати субъектҳои истеҳсол ва коркарди пахта ва пилла;

  • гузаронидани ташхисҳои сертификатсионӣ ва ҳакамии (арбитражӣ) маҳсулоти пахта ва пилла;
  • тайёр намудани эталон – намунаҳои  маҳсулоти пахта ва пилла;
  • омодасозии маводҳои меъёрӣ–техникӣ, дастурамалҳо, қоидаҳо ва  ҳуҷҷатҳои меъёрии технологӣ дар тамоми ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти пахта ва пилла; 

Нозироти пахта дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

  • риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро дар соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла назорат намояд;

- бо сертификати мутобиқат таъмин будани  субъектҳои хоҷагидор ва дурустии онро назорат намояд;

  • барои муайян намудани баромади маҳсулоти пахта тибқи тартиби муқарраргардида коркарди назоратии миқдори муқоисавии пахтаро гузаронад;
  • - истеҳсол, фурӯш, интиқол, нигоҳдорӣ ва истифодаи маҳсулоти ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҷавобгӯ набударо манъ намояд;
    - тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ арзу шикояти субъектҳои истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти пахта ва пилларо нисбати вайрон гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон баррасӣ намояд;

   - барои гузаронидани ташхис ва санҷиш ҷиҳати мутобиқат намудани  маҳсулот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ аз субектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликияташон намунаҳои маҳсулотро гирад.

 

  • Тамос:
  • Сафарзода Мансур Хуҷавалӣ -Муовини директор,
  • Тел: (+99237) 2336175
  • Е-mail: smansur78@mail.ru
  • - Туманов Ахмадчон - Сардори Нозироти пахта
  • Тел: (+992 37) 233-49-67
  •