Бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ

Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї

Сохтор

Дар сохтори Раёсат шўъбањо ва бахши зерин фаъолият менамоянд: - шӯъбаи назорати давлатї оид ба талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрии техникї дар саноати вазнин; - шӯъбаи назорати давлатї оид ба талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрии техникї дар молњои ниёзи мардум; - шӯъбаи назорати давлатї оид ба талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрии техникї дар маљмааи агросаноатї; - шўъбаи стандартонї; - бахши назорати давлатї оид ба риояи регламентњои техникї оид ба стандарти «Њалол».

Самти фаъолият

Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Љумњурии Точикистон, санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Точикистон онњоро эътироф кардааст, ќонунњои конститутсионї, кодексњо, ќонунњои Љумњурии Точикистон, ќарорњои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон, фармону амрњои Президенти Љумњурии Точикистон, ќарору фармоишњои Њукумати Љумњурии Точикистон, ќарорњои њайати мушовара, фармоиш ва супоришњои Директори Агентии Тољикстандарт, инчунин Низомномаи Раёсати мазкурро ба асос ва роњбарї мегирад.

Дастовардњо

Бо мақсади баланд бардоштани сифати мањсулоти ватанї, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот мутахассисони Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї тамоми чорањои заруриро андешида, мунтазам кӯшиш менамоянд, ки истењсоли мањсулоти раќобатпазир дар бозори дохилӣ зиёд гардад. Бо ин маќсад, аз тарафи мутахассисони Раёсат давоми 9 моњи соли 2016 дар 3739 субъекти хољагидор санҷишҳо гузаронида шуданд ва аз ин шумора дар 415 њолат камбудињо (истењсоли мањсулоти ѓайристандартї, истењсоли мањсулот бе сертификати мутобиќат ва ѓайра) ошкор гардиданд, ки ин 11,1%-ро аз ҳисоби умумии санљиши субъектҳои хољагидор ташкил мекунад. Нисбати њолатњои ошкоргардида аз тарафи нозирони давлатӣ санадњо ва амрияњои манъи фуруш ё ислоњи камбудињо тартиб дода шуда, инчунин, бо мақсади назорат намудан аз болои иҷроиши талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар корхонаҳои мазкур санљишњои такрорї сурат гирифтанд. Дар давраи њисоботӣ дар 196 њолат мањсулотњои ѓайристандартї ошкор карда шуда, аз тарафи мутахассисони Раёсат нисбати ин камбудињо чорањои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ба 370 субъекти хољагидор мувофиќи талаботи моддањои дахлдори Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 147680 сомонї љарима таъин гардида, аз ин шумора 355 адад љарима ба маблаѓи 141000 сомонї ба буљаи давлат пардохт гардид.

Яке аз самтњои фаъолияти мутахасситсони Раёсат ин ошкор намудани молу мањсулоти ѓайристандартї ва муайян намудани таќдири минбаъдаи онњо ба шумор меравад. Дар ин муддат нобудсозии мањсулоти мўњлати истеъмолиаш гузашта ва ѓайристандартї дар якљоягӣ бо намояндагони Маркази назорати санитарию эпидемиологї, хадамоти байторї ва муњити зист гузаронида шудааст. Аз натиљаи нобудсозї тариќи воситањои ахбори омма маълумотњо пахш карда шудаанд.

Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкории ватанї ва дар ин замина муаррифӣ намудани мањсулоти раќобатпазиру воридотивазкунандаи истењсоли ватанї давоми 9 моњаи сипаригардида озмуни љумњуриявии «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарини Љумњурии Тољикистон» гузаронида шуда, дар арафаи љашни 25-умин солгарди Истиќлолияти кишварамон бомуваффаќият ҷамъбаст гардид ва ғолибони он муайян гардиданд.

Њамзамон дар заминаи дастгирии молистењсолкунандагони ватанї давоми 9 моњи соли љорї субъектњои хољагидор бо 4900 сањифа њуљљатњои меъёрї таъмин карда шуда, 52 шарти техникии Љумњурии Тољикистон њамчун хуљљати меъёрї ба ќайд гирифта шуд. Илова ба ин, 461 стандарти байнидавлатї ќабул карда шуд, ки 211 адади он (46%) бо стандартњои байналмилалї њамоњанг гардонида шудаанд.

Соли гузашта Барномаи дуюми тањияи регламентњои техникӣ барои солҳои 2015 -2016 баъд аз мувофиќа бо вазорату идорањои дахлдор аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон (Фармоиши №9-ф аз 26 феврали соли 2015) тасдиќ гардид, ки дар он тањияи 7 регламенти техникии барои Љумњурии Тољикистон зарурї пешбинї шудааст (Барномаи якум соли 2013 ќабул гардида пурра иљро шуда буд). Тањия ва ќабули онњо барои бартараф намудани монеањои техникї дар савдои байналмилалї, таъмини бехатарии бозори истеъмолии мамлакат ва рушди истењсоли мањсулоти ватанї замина мегузорад. Дар робита ба ин, давоми 9 моњи сипаригардида аз тарафи мутахассисони Раёсат лоиҳаи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гўштӣ», ки охири соли гузашта таҳия гардида, баъд аз мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №190 аз 30 апрели соли 2016 тасдиқ гардид ва аз аввали моҳи ноябри соли равон мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Њамчунин, тибқи Барномаи мазкур давоми 9 моњи соли љорї боз ду регламенти техникии дигар – «Бехатарии борљома» ва «Бехатарии бозичањо» баъд аз мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо қарорњои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №343 аз 1 августи соли 2016 ва №375 аз 23 августи соли 2016 тасдиқ гарданд ва аз моҳи феврали соли 2017 мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.

Илова бар ин, бо маќсади њимояи бозори дохилї аз мањсулоти ба саломатии инсон зараровар, бахусус либосњои кўдакона ва бо назардошти баланд бардоштани талаботи сифатнокии мањсулоти воридшаванда лоињаи ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 498» тањия гардида бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №297 аз 5 июли соли 2016 тасдиќ гардид.

Мавриди зикр аст, ки таҳия ва қабули њуљљатњои мазкур барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байналмилалӣ, таъмини бехатарии бозори истеъмолии мамлакат ва рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ замина мегузоранд.

Инчунин, давоми 9 моњаи соли равон тибқи Барномаи мазкур лоиҳаи регламентҳои техникии «Бехатарии мањсулоти мебелї» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Айни замон аз тарафи мутахассисони Раёсат тибќи барномаи мазкур боз як лоињаи регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» тањия гардидааст ва рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод фиристода мешаванд.

Умуман, бояд хотирнишон намуд, ки аз соли 2013 то имрӯз аз тарафи Агентӣ 14 адад Регламенти техникӣ таҳия ва бо қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиқ гардида, айни замон мавриди истифода қарор доранд.

Барои боз њам вусъат додани кор дар Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї наќшаи корї тартиб дода шудааст ва барои амалӣ намудани он тамоми чорањои зарурї андешида мешаванд.

Дар љамъбасти соли 2016 Раёсат иљроиши корњои зеринро ба наќша гирифтааст: -љамъбасти татбиќи Барномаи тањияи Регламентњои техникї барои солњои 2015-2016; - њамоњангсозии стандартњои давлатї ба стандартњои байналмилалї; -таќвият додани назорати бозори истеъмолї љињати пешгирии воридоти мањсулоти бесифат ва хатарнок; - њамкорӣ бо Шўрои њамоњангсозї оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї.

Њамкорињо

1. Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ; 2. Шўрои њамоњангсозї оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї; 3. Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат; 4. Ассосиатсияи соњибкорони хурду миёнаи Љумњурии Точикистон; 5. Иттифоќи истеъмолкунандагони Љумњурии Точикистон.

Хизматрасонињо

Объектњои стандартонии Раёсат инњоянд; - мањсулот, љараёни коркард, истењсол, истифодабарї, нигањдорї, њамлу наќл ва коркарди партовњои он, кор ва хизматрасонињо дар ќисмати бехатарии мањсулот. Субъектњои назорати давлатї оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ва њуљљатњои меъёрии техникї шахсони њуќуќї ва воќеии зеринро дар бар мегирад: -шахсони њуќуќї, соњибкорони инфиродї ва воќеї, шахсони воќеї ва њуќуќии хориљї, шахсони бешањрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соњибкориро дар Љумњурии Точикистон амалї менамоянд.

Тамос

Муовини директор Саидзода Каромат Назарӣ Тел: (+992 37) 233-84-44 Факс: (+992 37) 233-44-99 e-mail: info@standard.tj

Сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Раҳимзода Ҷурахон Раҳмоил Тел: (+992 37) 233-58-88 Факс: (+992 37) 233-44-99 e-mail: jurahon_st@mail.ru

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...