ХАБАРҲО

2018-05-01: Таҳияи рисолаи тавзеҳӣ барои стандарти байналмилалии ЕЭК ООН FFV-25, барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтии баҳорӣ

Дар заминаи кўшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон љињати бартараф намудани монеаҳо дар савдои умумиҷаҳонӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар бо пешниҳоди директори Агентии Тоҷикстандарт бо маќсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба хусус кишоварзон ва субъектҳои хоҷагидор доир ба таҳияи рисолаи тавзеҳӣ барои стандарти байналмилалии ЕЭК ООН FFV-25, барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтии баҳорӣ, тањти роҳбарии муовини директори Агентии Тоҷикистандарт Шерзода Ситора Ҷалол гурўҳи корӣ –техникӣ таъсис дода шуд. Ба гурўҳи корӣ-техникӣ  коршиносони соња, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ ва кишоварзон ҷалб гардиданд.

Инчунин, барои таќвият додани фаъолияти гурўҳ, дар вилояту минтаќањои љумњурї низ зергурўҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар ин замина гурўҳҳо дар минтақаҳо бо кишоварзон ва бахшҳои хусусӣ вохўриҳо доир намуда, оид ба ташаббуси гурўҳҳо ҷиҳати таҳияи ин стандартҳо барои роҳ ёфтани содироткунандагони ватанӣ  ба бозорҳои Аврупо машваратҳо гузарониданд. Рӯзҳои 12 феврал ва 2 марти соли љорї аъзоёни гурўҳи корӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ вохўриҳо гузаронида ҷиҳати таҳияи Стандарти пиёзи барвақтӣ табодули афкор намуданд.

Тибқи нақшаи кори гурўҳи корӣ-техникӣ бо фармоиши директори Агентї аъзоёни гурўҳ барои гузарондани машварати сайёр ва намунагирии  пиёзи баҳорӣ ва ба қайд гирифтани нишондиҳандаҳои зарурӣ дар майдони зироатӣ аз ҷумла, нуқсонҳои табиию техникӣ, намуд, шакл, вазн ва дигар нишондиҳандаҳо ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Дар майдони кишти пиёзи баҳории хоҷагиии деҳќонии «Истиқлолият» хољагидорон Мизоев А, Эмомов Ш. ва Раҳмонов А. аъзоёни гурўњро бо навъҳои пиёзи барвақтӣ (баҳорӣ) шинос намуда, оид ба талаботи истеъмолии бозори содиротӣ маъулумот доданд. Қайд карда шуд, ки хоҷагї се навъи пиёзи баҳориро кишту кор мекунад. Дар рафти суҳбат бо кишоварзон маълум гардид, ки пиёзҳои содиротшаванда мувофиқи талаботи фармоишгар ба навъҳо ва калибр ҷудо карда мешаванд ва баъд ба давлатҳои Қазоқистон, Хитой, Русия, Туркманистон ва ғайра интиќол дода мешаванд.

Ҳамзамон дар вилояти Суғд дар таърихи  3-юми апрел зергурўҳи корӣ бо соҳибкорон ва кишоварзон ҷаласаи корӣ гузаронида, бо субъектҳои хоҷагидор, аз љумла ҶДММ «Олами Тиҷорат», ҶДММ «Тоҷойл» ,ҶДММ «Мева ва сабзавот», соҳибкорон Ҳакимов С. ва Рузибоев З. масъалањои вобаста ба коркард ва содироти пиёзи бањориро баррасї намуданд.

Дар рафти ҷаласаи гурўҳи корӣ директори Маркази идоракунии сифат Қобилов Мирзоравшан доир ба сифат, намуди зоҳирӣ ва калибри пиёзи тару тоза презентатсия (намоиш) пешкаш намуд.

Аз рӯи гуфтаи содироткунандагон калибри пиёзҳои содиршаванда аз рӯи нишондиҳандаҳои дар 1 тонна пиёз -20% бо калибри аз 100 мм хурд, 20% аз 100 мм калон ва 60% бо калибри 100 мм пешнињод мешавад. Мувофиқи талаботи стандарти ЕЭК ООН FFV-25 калибри пиёз аз 10 мм то 20 мм, аз 15 мм то 25 мм, аз 20 мм то 40 мм, аз 40 мм то 70 мм, аз 70 мм ва зиёда аз ин пешбинї шудааст. Аз ин бармеояд, ки ҳаҷми зиёди пиёзи тару тозаи содиротшаванда аз меъёрҳои муќарраршуда калон мебошад. Коршиносон ва мутахассисони Агентӣ ба аъзоёни гурўҳ қоида ва талаботи намунагирӣ ва андозагириро тибќи стандарти байналмилалии пиёзи барвақтӣ (баҳорӣ) шарњ доданд. Дар якҷоягӣ аъзоёни гурӯҳ бо коршиносон ва кишоварзон тарзи борҷомакунӣ ва интиқоли намунаҳоро омӯхта, борҷомаҳоро барои аксбардории пиёзи баҳорї барои  чоп  намудани плакату брошюраҳо омода намуданд.

Айни замон стандарти мазкур дар рафти омӯзиш ва таҳия қарор дорад. Бо дастгирии техникии ширкатҳои байналмилалї аз ҷумла GIZ,  Hieswerk, UNDP ва Маркази идоракунии  сифат лоиҳаи плакати пиёзи бањорї омода шуда, баъд аз гирифтани аксҳои воқеии намунаҳои барвақтии пиёзи бањории минтақаҳои  шимолу љануби кишвар дар рўзҳои наздик барои таҳлил пешниҳод мегардад.

Санаи 24 апрел роҳбари гурўҳи техникї дар дастгоњи марказї бо аъзоёни гурўҳ ҷамъ омада, барои таҳияи стандарти мазкур фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ содироткунандагон бо маълумотҳо шинос шуда, ба роҳбарият ва ташкилкунандагон  изҳори қаноатмандӣ баён намуданд. Дар навбати худ аъзоёни гурӯҳ барои ҳамкорӣ ҳамеша омодагии худро изҳор доштанд.