ХАБАРҲО

2018-04-23: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва бо Раиси Ҳукумати Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд

19 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки дар садри ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Москва сафар кард, бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои асосии ҳамгироии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва амсоли инҳоро баррасӣ намуданд.

Ба масъалаҳои ҳамгироӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи механизмҳои ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо  аҳамияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодиро дар таҳким ва тақвияти минбаъдаи ҳамгироии мутақобила дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ зикр намуданд.