ХАБАРҲО

2018-04-19: ДУШАНБЕ БА ҚАТОРИ 10 ШАҲРИ ДАР АЙЁМИ БАҲОР БАРОИ САЙЁҲӢ МУНОСИБИ ИДМ ШОМИЛ ГАРДИД!

Бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.  Дар ин бора дар сомонаи агентии мазкур хабар дода шудааст.

 

Ба гузориши  «ТурСтат», дар охирҳои апрел ва аввалҳои моҳи майи имсол, ки дар Россия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳое аст, ки гардишгарони рус барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати  худ ба он ҷо сафар мекунанд.

Қабл аз ин ҳам расонаҳои Россия аз афзоиши тамоюли шаҳрвандони ин кишвар барои сафари туристӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе – китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда  шуда, сарпарастии соҳаи мазкурро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар ӯҳда гирифтааст.

Дар ростои иҷрои барномаҳои ин сол, қарор аст то соли 2020 беш аз як миллион  сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.