ХАБАРҲО

2018-04-17: Талаботи стандартҳои нав ба истеҳсолкунандагон фаҳмонида мешавад

Љињати баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии либосњои мактабию њарбї такроран маълумот дода мешавад, ки баъд аз тањия ва баррасии стандарти давлатии либосњои њарбї аз љониби Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, тибќи фармоиши Агентии Тољикстандарт №02-ст, аз 22 ноябри соли 2017 Стандартњои давлатии “Либоси њарбї. Камзўлњо. Шартњои техникї” тањти нишонаи СТ ЉТ 1108-2017 ва “Либоси њарбї. Шимњо. Шартњои техникї” тањти нишонаи СТ ЉТ 1109-2017 ва баъд аз муњокима бо Вазорати маориф ва илм Стандарти давлатии “Либоси мактабї. Шартњои техникї” бо нишонаи СТ ЉТ 1110 - 2017 ќабул карда шудаанд. Дар ин замина нусхаи стандартњои мазкур ба корхонањои дар ин самт фаъолиятдошта дастрас гардида, оид ба иљрои он корњои фањмондадињї гузаронида шуда истодаанд ва минбаъд назорати истењсоли либосњои мактабї ва њарбї тибќи ин стандартњо ба роњ монда мешавад.

Чунончи, дар ин давра дар шањри Душанбе бо роњбарият ва масъулини ЉСК «Гулистон», ЉДММ «Ёќут-2000» ва ЉДММ ИИ «Насољии Тољик», Раёсати Комбинати дўзандагии истењсоли амволи њарбии Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, њамзамон дар корхонањои истењсолии шањрњои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон вохўрї гузаронида шуда, минбаъд дар корхонањои дигар минтаќањои љумњурї чунин вохўрињо идома дода мешавад.