ХАБАРҲО

                                                        

     Нигоњи ватандорї

        Ќудуми файзбахши Истиќлолият

 

     Агар ба сањифањои таърих аз нигоњи ватандорї  назар андўзем,мебинем,ки бузургтарин дастоварди миллати соњибтамаддуну бофарњанги тољик ин соњибистиќлол гардидани Тољикистони тозаљавону куњанбунёд мебошад. Орзуи њазорсолаи мо 9 – уми сентябри соли 1991 љомаи амал пўшид ва ин рўзи муќаддас дар сањифаи таърих бо хатњои зарин сабт гардид. 26 сол боз Тољикистони мањбуби мо соњибистиќлол аст,ки аз ин неъмати худодод шукрона бояд кард. Аммо насли худогоњу хештаншинос, насли ояндасози љомеа,мардуми шарифи Тољикистон њељ гоњ набояд фаромўш кунад,ки њифзи ин муќадасоти миллї,дастовардњои даврони соњибистиќлолї тўли ин солњо осон набуд.Њазорон маротиба шукрона бояд намуд,ки Худованди бузург,вакилони Иљлосияи ХVl – уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалї Рањмонро ба сари ќудрат оварданд. Ин марди шариф тамоми њастї,њаёту мамоташро барои пойдории Истиќлолият,сулњу вањдат бахшид.

  Имрўз њам алайњи хоинони миллат дар набард аст, то нохалафе ба сўи Ватани мо бо чашми бад нигоњ накунад. Мањз зањмату талошњои пайвастаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад,ки Тољикистони соњибистиќлолро давлатњои дунё ба расмият шинохта,њамкорињоро дар њама самт ба давлати мо густариши тоза бахшидаанд.Ќудуми файзбахши Истиќлолият аст,ки ташаббусњои наљибу инсондўстона ва созандаи Пешвои миллат аз љониби Созмони Милали Муттањид,дигар созмонњои бонуфузи љањон ва ањли башар пайваста дастгирии комил меёбад.Дар ќатори 159 давлати дунё узви комилњуќуќи Созмони Умумиљањонии Савдо пазируфта шудани Тољикистон ин баракати Истиќлолият мебошад.

 Ба ќадри ободиву озодї,шукуфоии Ватан, соњибистиќлолии давлату миллат расидан,зери Парчами нангу номуси ватандорї атрофи Пешвои миллат муттањид шудану кору зиндагї кардан ќарзи ватандории мост.Аз ин нигоњ њар як фарди бедордилу равшанзамир ва ватандори асилро зарур аст,ки Истиќлолиятро чун гавњараки чашм азиз дорем,зеро ќудуми файзбахши Истиќлолият баракат оварду давлату миллати тољикро ба љањониён муаррифї намуд.

 Љовидону поянда бод Истиќлолияти давлати Тољикистон!

 

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...