ХАБАРҲО

2018-04-16: Дар Агентии Тоҷикстандарт фаъолияти семоҳаи аввал натиҷагирӣ шуд

Тибќи наќша дар санаи 12 апрели соли 2018, љаласаи мушовараи љамъбасти фаъолияти Агентї дар семоњаи якуми соли 2018 гузаронида шуд. Дар љаласа кормандони дастгоњи марказї ва роњбарони марказњои вилоятию минтаќавии Агентї иштирок намуданд.

Аз рўи рўзномаи љаласа фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар семоњаи якуми соли 2018 натиљагирї шуда, инчунин вазифањо барои фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд.

Доир ба масъалаи рўзнома аз љониби директор, соњањои фаъолияти маќомот ва Марказњои зерсохтори Агентї мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифта, љиҳати ба иљро расонидани вазифаҳои навбатї дар соли 2018, аз љумла  иљрои супоришу наќша- чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Барномаву Стратегияњои давлатї бо маќсади баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, дар ин замина дастгирии соњибкорї дар соњаи истењсолї, њифзи бозори истеъмолї аз воридоти молу мањсулоти пастсифат ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Њамзамон, дар љаласа як ќатор масъалањои соњавї, аз љумла  њамоњангсозии стандартњои миллї бо стандартњои байналмилалї, таъмин намудани истењсолкунандагон бо санадњои меъёрї, гузаронидани семинар - машваратњо бо љалби васеи корхонањои ватанї, таъсис додани озмоишгоњњои ташхисї, љорї намудани низоми идоракунии сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањои ватанї, таќвият додани назорат дар бозори истеъмолї ва дигар корњо мавриди баррасї ќарор дода шуданд.

Дар раванди љаласа, аз љумла самтњои фаъолияти марказњои зерсохтор љињати њимояи бозори истеъмолї, назорати давлатии воситањои ченак, корбурди озмоишгоњњои ташхиси мањсулоти хўрокворї ва сертификаткунонии молу мањсулот, зери назорати ќатъї ќарор додани истењсоли мањсулоти таъиноти стратегидошта ва дигар пањлуњои соња дар алоњидагї мавриди тањлил ќарор гирифта, аз масъулини соња бозпурсї шуд ва љињати ба танзим даровардани фаъолияти корї супоришњо дода шуд.

Њамзамон, муовинони директор, сардорони раёсатњо, директорони марказњои вилоятию минтаќавии Агентї вазифадор карда шуданд, ки оиди камбудињои љойдошта наќша-чорабинињои мушаххас тартиб дода, љињати бартараф намудани онњо дар фаъолияти минбаъда тадбирњои амалї андешанд.

 Бо назардошти такмили ихтисоси кормандон таъкид карда шуд, ки сардорони раёсатњо, директорони марказњои зертобеъ ба худомўзии санаду ҳуљљатҳои меъёрї, қонунҳои амалкунанда ва дигар дастуру нишондодҳои соҳа, бахусус Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон љиддї машғул шуда, бо ташкили дарсњои омўзишї савияи касбии мутахассисонро мунтазам баланд бардоранд.

Мутобиќи ќарори њайати мушовара натиљањои фаъолияти Агентї дар семоњаи якуми соли 2018 ба инобат гирифта шуда, инчунин љињати иљрои наќшањои минбаъда дар соли 2018, масъулин вазифадор карда шуданд.

Дар охир директор оиди пешбурди фаъолияти минбаъдаи соња дар давоми соли 2018 барои иљрои сариваќтии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар самтњои фаъолият, њамчунин љињати бо њисси баланди масъулиятшиносї ва нангу номуси ватандорї, содиқона ва амалњои неки созанда сањм гузоштанро дар рушди минбаъдаи иљтимоиву иќтисодии мамлакат, бењтар намудани сатњу сифати зиндагии мардум ва тањкими истиќлолияти кишвар ба кормандони Агентї таъкид намуд.