ХАБАРҲО

2018-04-16: Даври аввали курси омӯзишӣ бо муваффақият ба анҷом расид

         Тавре, ки  маълум аст, тибќи супориши  директори Агентї соли љорї     гузаронидани  курсњои омўзиш ва таљрибањосилкунии мутахассисони дар зерсохторњо фаъолиятдошта ба наќша гирифта шудааст.

Бо назардошти ин, курси омўзишие, ки аз 2 то 12 апрели соли равон бо иштироки мутахассисони бахшу шуъбањои Раёсати таъминоти метрологии воситањои ченак доир гардид, имрўз љамъбаст гардид.

 Машѓулиятњои  мазкур аз рўи Барномаи тасдиќгардидаи «Асосњои њуќуќї ва техникии таъмини ченаки ягона дар Љумњурии Тољикистон» бо таври назариявї (бо пешнињоди презентатсияњо оид ба ќонунгузорї ва санадњои меъёрї-њуќуќї дар соњаи метрология) ва амалї ташкил карда шуда, барои пешбурди он  мутахассисон ва экспертњои сатњи байналмилалї  љалб карда шуданд.

          Дар давоми дарсњо мутахассисон имконият пайдо намуданд бо истифода аз воситањои  ченаки  намунавии  (мањакњо)-и дар озмоишгоњњои метрологї  мављудбуда сатњи дониши  тахассусии худро баланд бардоранд.

         Дар љамъбасти чорабинї муовини аввали директори Агентї Пирназарзода Диловар иштирокчиёнро барои бомуваффаќият љамъбаст намудани курси мазкур табрик  намуда, ба онњо ботантана сертифатњои хатми курси омўзиширо супорид.

         Мавсуф њамзамон таъкид намуд, ки дар  раванди кори марказу раёсатњое, ки  иштирокчиёни чорабинии имрўза  фаъолият мекунанд, камбудињои зиёде ба мушоњида мерасанд ва баъди хатми курси мазкур онњо вазифадоранд куллан тарзи корбарии худро дигар намуда, вазифањои тахассусии худро дар доираи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба иљро расонанд.     

         Маќсади асосии чорабинии  мазкур - ин баланд бардоштани савияи дониши  мутахассисони  сохторњои зертобеи Агентї, ки дар ноњияњои дурдасти  љумњурї  кору  фаъолият  мекунанд  ва  њамзамон бењтар намудани  сатњу  сифати  хизматрасонињои метрологї  дар  мањалњо мањсуб меёбад.