ХАБАРҲО

2018-04-02: Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Тибќи наќша санаи 31 март дар Агентї бо иштироки кормандони раёсату шуъбањо шанбегї баргузор гардид. Бо назардошти он ки ба њар як раёсат ќитъањои алоњидаи боѓу гулгаштњо људо шудааст, ба масъулин супорида шуд, ки дар муњлати муайяншуда, њамаи корњои вобаста ба кабудизоркунию ба тартиб даровардани майдонњоро бо сифати баланд иљро намоянд.

       Њамзамон, дар мавзеи сохтмони майдончаи варзишї, дар кўчаи Борбад 86,82, 84, ки ба Агентї вобаста шудааст, шанбегї доир гардид. Ин навбат ќисме аз кормандон дар љойњои муќарраршудаи майдонча якчанд бех дарахти сарсабзи арча  шинониданд. Илова бар ин дар ин рўз кормандон ба сохтмончиёни майдончаи варзишї кўмак расонида, дар њамворкунии майдончањо барои бозии кўдакон ва сангфаршкунии роњравњои он сањм гузоштанд.Ќайд кардан ба маврид аст, ки ба роњ мондани корњои ободонию созандагї минбаъд низ дар Агентї ва зерсохторњои он идома дода мешавад.