ХАБАРҲО

2018-04-02: Дар Агентӣ машғулиятҳои омӯзишӣ оғоз шуданд

Тибќи супориши протоколи љаласаи назди директор, аз 27 январи соли 2018, №2-а барои такмили ихтисоси кормандони марказњои вилоятию  минтаќавии Агентї бо љалби мутахассисони соња ва устодони муассисањои тањсилоти олии касбї барномањои омўзишї тањия гардида, аз 2 апрели соли 2018 курсњои бозомўзии соњавї (стандартизатсия, метрология, сертификатсия, озмоишгоњњо) оѓоз шуданд.

Сараввал дар асоси наќшаи пешбинишуда, ба машѓулиятњои  мазкур  мутахассисони  шуъба ва бахшњои санљиш ва назорати давлатии воситањои   ченаки марказњои зертобеи Агентї даъват карда шуданд.

Барои  гузаронидани  тренинг-омўзишњо мутахассисон ва экспертњои варзидаи  Дастгоњи  Марказии  Агентї  љалб карда шудаанд ва њамзамон дар оянда пешбинї гардидааст, ки барои боз њам самаранок гузаштани машѓулиятњо экспертњои  хориљї даъват  карда шаванд.

Машѓулиятњо тибќи  барномаи  тасдиќгардида бо таври назариявї (бо пешнињоди презентатсияњо оид ба ќонунгузорї ва санадњои меъёрї-њуќуќї дар соњаи метрология) ва амалї гузаронида шуда, мутахассисон метавонанд бо истифода аз воситањои  ченаки  намунавии  (мањакњо)-и дар озмоишгоњњои метрологї  мављудбуда сатњи дониши  тахассусии худро баланд бардоранд.

Маќсади асосии чорабинии  мазкур - ин баланд бардоштани савияи дониши  мутахассисони  сохторњои зертобеи Агентї, ки дар ноњияњои дурдасти  љумњурї  кору  фаъолият  мекунанд   ва  њамзамон бењтар намудани  сатњу  сифати  хизматрасонињои метрологї  дар  мањалњо мањсуб меёбад.     

Лозим ба зикр аст, ки дар давраи семоњаи аввали соли 2018 љињати баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатии Агентї 17 нафар хизматчиёни давлатї ба курсњои омўзишї дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњуриии Тољикистон ба тањсил фаро гирифта шуданд.

Њамзамон, тибќи наќша барои баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандон, омўзиши таљрибаи пешќадам ва татбиќи он дар пешрафти соња дар доираи њамкорињо бо ташкилотњои байналмилалї дар ин давра 6 нафар мутахассисон дар хориљи кишвар аз курсњои омўзишї гузашта соњиби сертификат гардиданд.

Баргузории чунин омўзишњои боманфиат ва такмили ихтисоси кормандони Агентї минбаъд низ дар давоми сол идома дода мешавад.