ХАБАРҲО

2018-03-31: Дастгирии ятимону бепарасторон дар арафаи Иди байналмилалии Наврўз

         Роњбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистонро њамеша дастгирї  намуда, бањри  иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи ватандустї, ифтихори шањрвандї ва дастгирии табаќањои ниёзманди ањолї диќќати махсус медињад.

         Тибќи Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 29-уми декабри соли 2017, тањти №АП-983 бо маќсади ба низом даровардани раванди кумакрасонии доимии хайрия ба муассисањои махсуси томактабї,  статсионарї, табобатї, хона - интернатњо ва муассисањои дигари хизматрасонии иљтимої ба зиммаи Агентии Тољикстандарт Мактаб-интернати тањсилоти умумии љумњуриявии тамоюли варзишии Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста гардидааст.

         Бояд ќайд намуд, ки Агентии Тољикстандарт дар арафаи љашнвораи иди Наврўзи байналмилалии соли 2018, ба Мактаб-интернати тањсилоти умумии љумњуриявии тамоюли варзишии Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон кумаки хайриявї иборат аз мањсулоти ѓизої, аз љумла, орд, равѓан, макарон, бринљ, гўшт, сабзавот ва дигар маводи хўрокворї расонида шуд.

Чунин иќдомњои хайрхоњона ба ањолии ниёзманд, ятимон ва маъюбон аз тарафи марказњои зерсохтори Агентї низ ба роњ монда шудааст.

      Дастгирии ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дар Агентии Тољикстандарт ба таври доимї  тањти назорати роњбарият ќарор  доранд.