ХАБАРҲО

2018-03-30: Муаррифии намунаи махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотонии идоракунӣ (портали санҷишҳо)

Бо мақсади автоматикунонии ҷараёни ҳамоҳангсозии гузаронидани санҷишҳо байни мақомоти санҷишӣ, ҳамоҳангсозии банақшагирии гузаронидани санҷишҳо, пешгирии такроршавии санҷишҳо, мущлати муҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, инчунин иҷрои муқаррарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор” тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 2016, №429 махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотонии идоракунӣ (портали санҷишҳо) дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ таъсис дода мешавад.

Дар ин робита, санаи 29 марти соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки ҳамчун мақомоти ваколатдор ба шумор меравад бо иштироки муовини раиси Кумитаи мазкур Нигина Анварӣ ва намояндагони дигар мақомотҳо, аз тарафи директори ширкати “Маркази тиҷорат ва инновасия”-и Қирғизистон муаррифии намунаи махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотонии идоракунӣ (портали санҷишҳо) баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур, таҷрибаи Агентии Тоҷикстандарт дар самти ба роҳ мондани санҷишҳо қобили қабул дониста шуда, ҳамчун намуна барои иштирокчиён (намояндагони мақомотҳои санҷишӣ) пешниҳод карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор”, ҳуҷҷатгузориҳо ва раванди гузаронидани санҷишҳо пурра ба танзим дароварда шуда, зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.