ХАБАРҲО
2025-06-27: Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ
Санаи 23 - 24 июни соли 2025 дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Россия ҷаласаи 67 - уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва ҳайати кории Агентӣ иштирок карданд.
Бояд қайд намуд, ки дар кори ҷаласа масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва дигар мақомоти марбутаи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ҳамзамон, роҳбарони ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба рушди стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, иҷрои Нақша-чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи рушди Шӯро, таъсиси Кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ, баррасии фаъолияти комиссияҳои илмӣ – техникӣ ва тақвият додани робитаҳои илмӣ-техникӣ, қабули стандартҳои нав ва Озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар ин раванд роҳбарону намояндагони мақомоти минтақавии соҳавӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба такмил додани ҳамкориҳо изҳор карданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз тарафи аъзоёни ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, протоколи ҷаласаи 67-юми Шӯрои байнидавлатӣ ба имзо расид.
Масъалаҳое, ки дар ҳошияи ҷаласаи навбатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд барои аз байн бурдани монеаҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои аъзои Шӯрои байнидавлатӣ якчанд тадбирҳо, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дода шуда истодааст ва ин барои корхонаҳои ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифату рақобатпазир ва татбиқи саноатикунонии кишвар боманфиат мебошад.
Ҳамкориҳо бо Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия вусъат меёбанд
Дар доираи ҷаласаи 67 - уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 23 то 24 июни соли 2025 доир гардид, дар баробари дигар ниҳодҳои марбута, инчунин, ҳайати Агентии Федералии танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Россия (Росстандарт) дар рафти кори ҷаласа иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ аз ҷониби директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва роҳбари Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология (Федератсияи Россия) - Шалаев Антон Павлович, Нақшаи ҳамкорӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ва метрология байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология (Федератсияи Россия) барои давраи солҳои 2025-2027 ба имзо расонида шуд.
Лозим ба зикр аст, ки тақвият додани ҳамкориҳо бо Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Россия дар доираи санади мазкур ба рушди соҳа, фароҳам овардани имкониятҳои омодасозии кадрҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, гузаронидани вохӯриҳои коршиносон, семинару конфронсҳо, дар ин замина коҳиш додани монеаҳо дар савдо, тавсеаи тиҷорати мутақобила ва таҳкими иқтисоди миллӣ замина мегузорад.














