ХАБАРҲО
2025-06-27: ТАБРИКОТИ Директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ба муносибати 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони гиромӣ,
Ҳамватанони азиз!

Боиси таъкид аст, ки имсол аз санаи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамонро поягузорӣ намуд, 28 - сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Пешвои муаззами миллат ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид.
Бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озоди мардуми кишвар аз фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шумо кормандон ва кулли ҳамватанони азизамонро ба муносибати ҷашни 28-солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози истиқлол дар натиҷаи фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ, баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.
Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд. Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз нооромии ҷомеа истифода намуда, молу амвол ва таҷҳизоти бисёр корхонаҳои саноатии мамлакатро берун аз марзи кишварамон бурданд.
Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд.
Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик низ амалӣ гардидани ҳамин нақшаи даҳшатноку фоҷиаборро мехостанд.
Аммо фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу ҳунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.
Ҳарчанд, ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, вале хушбахтона ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик бо сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ анҷом пазируфт, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».
Ин рӯзи таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буд, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.
Тавре Роҳбари давлат зикр намуданд, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расондем.
Баъди истиқрори сулҳ барқарор кардани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи мо оғоз ёфт ва минбаъд ба таҳкими пояҳои рушди иқтисоди миллӣ равона гардид.
Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кутоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.
Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.
Мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи истиқлолу озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне Истиқлолу Ваҳдат газанд ёбад.
Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни бистуҳаштсолагии Ваҳдати миллӣ табрик мегӯям ва орзу менамоям, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.
Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!











